https://sputnik.tj/20230412/razmoishhoi-mushtaraki-tojikistonu-eron-1056398231.html
Размоишҳои муштараки Тоҷикистону Эрон
Размоишҳои муштараки Тоҷикистону Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Муовини ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва фармондеҳи донишгоҳи фармондеҳи ва ситоди артиши Эрон дар бораи баргузории машқҳои муштарак гуфтугӯ карданд
2023-04-12T13:40+0500
2023-04-12T13:40+0500
2023-04-12T13:40+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
низомӣ
душанбе
теҳрон
размоиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/15/1052344993_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_9abf7afe78fc51267742db455969a500.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Розйзании Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон дар хусуси баргузории размоишҳои муштарак сурат гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей” дар истинод ба Садо ва Симои Эрон.Ба иттилои манбаъ генерал Ҳусайни Валиванд, фармондеҳи донишгоҳ ва фармондеҳи ва ситоди артиши Эрон дар дидор бо генерал Шараф Эгамзод муовини ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ ва раиси ҳайати низомии Тоҷикистон дар Теҳрон бо истиқбол аз ҳамкориҳои ду кишвари дуст ва ҳампаймон ибрози умедвори кард.Вай гуфт, ки равобити Эрон ва Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳо ва ба вижа бахши дифоъӣ беш аз пеш густариш хоҳад ёфт.Генерал Валиванд бо ироаи тавзеҳоти дар бораи иқдомоти омузиши ва пажуҳишии донишгоҳи фармондеҳи ва ситоди артиши Эрон афзуд: “Ин донишгоҳ ба унвони қадимитарин донишгоҳи Эрон дар бахши таълими афсарони артиш ва дигар неруҳои мусаллаҳ дар бахшҳои мухталиф дорои таҷруба ва андухаҳои илмии қобили таваҷуҳи аст ва дар бахши омузиш ва пажуҳиш низ аз қобилиятҳои арзишманд ва замонви бархурдор буд, ки бистарсозии иртиқои тавони дифоъи кишвар аст”.Дар ҳамин ҳол, геренал Шараф Эгамзод, раиси ҳайтаи низомии Тоҷикистон гуфт, ки омузишҳои низомӣ дар Тоҷикистон қидмати тулони дорад ва омузишҳои анҷомшуда дар Эрон шабоҳати бисёри бо омузишҳои низоми дар он кишвар дорад.Ҳайати низомии Тоҷикистон аз раванди размоиши ҷанги таркиби, ки дар дофуси артиш дар ҳоли баргузори аст муталеъ шуд ва дар идома аз маконҳои мухталифи ин донишгоҳ аз ҷумла маркази бозии ҷанг, донишкадаи фармондеҳи ва ситод, донишкадаи пуштибони ва ситод ва музеи ҷанги дофус боздид кард.
https://sputnik.tj/20230407/mashqoi-nizomi-dar-marzi-tojikistonu-afghoniston-anjom-yoft-1056292716.html
эрон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/15/1052344993_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_b2bea7a3e063742e6c80df6586739b88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, размоиш, машқ, низомӣ, теҳрон душанбе
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, размоиш, машқ, низомӣ, теҳрон душанбе
Размоишҳои муштараки Тоҷикистону Эрон
Муовини ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва фармондеҳи донишгоҳи фармондеҳи ва ситоди артиши Эрон дар бораи баргузории машқҳои муштарак гуфтугӯ карданд
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Розйзании Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон дар хусуси баргузории размоишҳои муштарак сурат гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей” дар истинод ба Садо ва Симои Эрон.
Ба иттилои манбаъ генерал Ҳусайни Валиванд, фармондеҳи донишгоҳ ва фармондеҳи ва ситоди артиши Эрон дар дидор бо генерал Шараф Эгамзод муовини ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ ва раиси ҳайати низомии Тоҷикистон дар Теҳрон бо истиқбол аз ҳамкориҳои ду кишвари дуст ва ҳампаймон ибрози умедвори кард.
Вай гуфт, ки равобити Эрон ва Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳо ва ба вижа бахши дифоъӣ беш аз пеш густариш хоҳад ёфт.
Генерал Валиванд бо ироаи тавзеҳоти дар бораи иқдомоти омузиши ва пажуҳишии донишгоҳи фармондеҳи ва ситоди артиши Эрон афзуд: “Ин донишгоҳ ба унвони қадимитарин донишгоҳи Эрон дар бахши таълими афсарони артиш ва дигар неруҳои мусаллаҳ дар бахшҳои мухталиф дорои таҷруба ва андухаҳои илмии қобили таваҷуҳи аст ва дар бахши омузиш ва пажуҳиш низ аз қобилиятҳои арзишманд ва замонви бархурдор буд, ки бистарсозии иртиқои тавони дифоъи кишвар аст”.
Дар ҳамин ҳол, геренал Шараф Эгамзод, раиси ҳайтаи низомии Тоҷикистон гуфт, ки омузишҳои низомӣ дар Тоҷикистон қидмати тулони дорад ва омузишҳои анҷомшуда дар Эрон шабоҳати бисёри бо омузишҳои низоми дар он кишвар дорад.
Ҳайати низомии Тоҷикистон аз раванди размоиши ҷанги таркиби, ки дар дофуси артиш дар ҳоли баргузори аст муталеъ шуд ва дар идома аз маконҳои мухталифи ин донишгоҳ аз ҷумла маркази бозии ҷанг, донишкадаи фармондеҳи ва ситод, донишкадаи пуштибони ва ситод ва музеи ҷанги дофус боздид кард.