Сохтори саноати коркарди Тоҷикистон

Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир беш аз нисфи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ба саноати коркард рост меояд, ки ҳиссаи он дар ММД кам арзёбӣ мешавад
Маълум аст, ки дар давраи то соли 2030 дар назди иқтисодиёт ва истеҳсолоти ҷумҳурӣ вазифа гузошта шудааст, ки аз ҳолати аграрию индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ гузаранд.
Барои саноатикунонии Тоҷикистон Стратегияи миллӣ таҳия шудааст, ки тибқи он то соли 2030 ҳиссаи саноат дар сохтори ММД бояд ба 21% боло ва ҳиссаи кишоварзӣ то 17%коҳиш ёбад.
Ҳоло бошад, баръакс. Самти асосии истеҳсолоти мамлакат саноати махсулоттайёркунӣ— бештар аз 60%-ро ташкил медихад.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 ҳудуди 26,5 миллиард сомониро ташкил дод.
Маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла нӯшокиҳо ва тамоку дар ҷои аввал мебошанд: 39,2% истеҳсолот ба онҳо рост меояд.
Дар ҷои дуюм металлургия, ки ҳиссаи он 23% ва саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 18,3%-ро ташкил медиҳад, дар ҷои сеюм қарор дорад.
Маснуоти каучук ва пластмасса, инчунин дигар маҳсулоти маъданӣ 13%-и сохтори саноати истеҳсоли маҳсулотро ташкил медиҳанд.
Чӯбу тахта, масолеҳи чӯбию коғаз 1,6% ва дигар чизҳо 4,9%-ро ташкил медиханд.
Лентаи хабарҳо
0