https://sputnik.tj/20230411/malum-tojikiston-uzbakiston-qolin-kharid-1056369712.html
Маълум шуд, ки Тоҷикистон аз Узбекистон чӣ қадар қолин харидааст
Маълум шуд, ки Тоҷикистон аз Узбекистон чӣ қадар қолин харидааст
Sputnik Тоҷикистон
Аз аввали соли 2023 Узбекистон ба 9 кишвари Осиёӣ ва ҳамчунин ба Русия қолин содир кардааст. Тоҷикистон дар ин феҳрист дар зинаи дуюм қарор дорад
2023-04-11T13:31+0500
2023-04-11T13:31+0500
2023-04-11T13:31+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
тиҷорат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1d/1055836134_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_21309bc33f977b81ab699ecc96735982.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Аз Узбекистон ба Тоҷикистон ба маблағи 935 ҳазор доллар маҳсулоти қолинӣ содир шудааст. Ин рақам дар моҳҳои январ-феврали соли 2023 ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Агентии омори Ӯзбекистон. Дар маҷмӯъ, ҷумҳурӣ ба 9 кишвари хориҷӣ ба маблағи 9,3 миллион доллар қолин содир кардааст. Гуфта мешавад, ки ҳаҷми содироти ин маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 5,1 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Аз рӯи теъдоди содироти қолинҳои Узбекистон дар ҷои аввал Қирғизистон (6,2 миллион доллар), Тоҷикистон дувум (935 ҳазор доллар) ва Озарбойҷон (796 ҳазор доллар) дар ҷойи севум қарор доранд. Пас аз он Русия (676 ҳазор доллар), Афғонистон (299 ҳазор доллар) ва Қазоқистон (268 ҳазор доллар) қарор доранд. Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуда буд, ки дар вилояти Суғд истеҳсоли қолинҳои нав ба роҳ мешаванд. Маҳсулоти он на танҳо воридотивазкунанда мешавад, балки ба кишварҳои хориҷӣ низ содир хоҳад шуд. Бо ин максад дар Гулистон фаъолияти корхонаи номдори саноатии ҶШС "Қолинҳои Қайроққум" фаъолияташро васеътар карда, хатти нави истеҳсолӣ кушод. ГУфта мешавад, ки ин корхона дар Осиёи Миёна назир надорад.
https://sputnik.tj/20221114/korgoh-qolinbofi-sughd-1052807373.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1d/1055836134_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_ad47a8df7e0e75e859025a1c22f757bf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон узбекистон қолин харид
тоҷикистон узбекистон қолин харид
Маълум шуд, ки Тоҷикистон аз Узбекистон чӣ қадар қолин харидааст
Аз аввали соли 2023 Узбекистон ба 9 кишвари Осиёӣ ва ҳамчунин ба Русия қолин содир кардааст. Тоҷикистон дар ин феҳрист дар зинаи дуюм қарор дорад
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Аз Узбекистон ба Тоҷикистон ба маблағи 935 ҳазор доллар маҳсулоти қолинӣ содир шудааст.
Ин рақам дар моҳҳои январ-феврали соли 2023 ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Агентии омори Ӯзбекистон.
Дар маҷмӯъ, ҷумҳурӣ ба 9 кишвари хориҷӣ ба маблағи 9,3 миллион доллар қолин содир кардааст.
Гуфта мешавад, ки ҳаҷми содироти ин маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 5,1 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Аз рӯи теъдоди содироти қолинҳои Узбекистон дар ҷои аввал Қирғизистон (6,2 миллион доллар), Тоҷикистон дувум (935 ҳазор доллар) ва Озарбойҷон (796 ҳазор доллар) дар ҷойи севум қарор доранд.
Пас аз он Русия (676 ҳазор доллар), Афғонистон (299 ҳазор доллар) ва Қазоқистон (268 ҳазор доллар) қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуда буд, ки дар вилояти Суғд истеҳсоли қолинҳои нав ба роҳ мешаванд.
Маҳсулоти он на танҳо воридотивазкунанда мешавад, балки ба кишварҳои хориҷӣ низ содир хоҳад шуд.
Бо ин максад дар Гулистон фаъолияти корхонаи номдори саноатии ҶШС "Қолинҳои Қайроққум" фаъолияташро васеътар карда, хатти нави истеҳсолӣ кушод. ГУфта мешавад, ки ин корхона дар Осиёи Миёна назир надорад.