Камчатка пас аз таркиши вулқон бо хокистар пӯшонида шуд - видео

Обуна шудан
Таркиши вулқон ва хокистарпошӣ дар Камчатка дар 60 соли охир аз қавитарин ҳисобида мешавад. Аксар деҳаҳоро хокистар комилан пӯшонд
Дар Камчатка пас аз оташфишонии вулқони Шивелуч аксар деҳаҳо зери хокистар монданд.
Наворҳои даҳшатангези хонаҳо, мошинҳо ва қитъаҳои зери хокистар мондаро сокинони маҳаллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд.
Оташфишонии Шивелуч дар Камчатка субҳи рӯзи оғоз ёфта, хокистарро ба баландии то 15 километр партоб кард. Абри хокистар чанд деҳаи шарқи нимҷазираро фаро гирифт, аз ҳама бештар сокинони Ключи, Майский ва Козиревск зарар диданд.
Дар робита ба ин ҳодиса аз сокинон даъват шуд, ки бидуни зарурат аз хона берун нашаванд.
Таркиши шидиди вулқон Камчаткаро хокистарӣ кард: наворҳои аввалин аз ҷойи ҳодиса
Ба гуфтаи вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, абри хокистар метавонад ба Петропавловск-Камчатский, ки дар 450-километрии Шивелуч ҷойгир аст, бирасад.
Ба гуфтаи олимон, хокистари деҳаи Ключи дар тӯли 60 сол пурқувваттарин буд. Дар он ҷо ғафсии қабати хокистар ба 8 см расид.
Волии вилояти Камчатка Владимир Солодов изҳор дошт, ки деҳаҳо бояд бо ёрии техникаи оташнишонӣ аз хокистар шуста шаванд.
Шивелуч яке аз калонтарин вулқонҳои Камчатка мебошад, ки дар як сол то 10 маротиба метавонад хокистарпартоӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0