ФФТ шарҳ дод, ки чаро финали Суперҷоми Тоҷикистон ба ҷойи Хуҷанд дар Ҳисор мегузарад

Суперкубок Таджикистана-2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Обуна шудан
Финали Суперҷоми ҳам нобарор шуд: аввал ФФТ истифодаи системаи VAR-ро ба таъхир андохт, баъд эълон карданд, ки сабза дар варзишгоҳи Хуҷанд омода нест
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон аз Хуҷанд ба Ҳисор гузаронида мешавад, хабар медиҳад Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, рақобати "Истиқлол"-и Душанбе ва "Равшан"-и Кӯлоб рӯзи 6 май дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Дафтари матбуоти ФФТ сабаби ба таъхир афтодани бозӣ омода набудани сабзаи варзишгоҳи "20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон"-и Хуҷанд хондааст.
Президент Международной федерации футбола (ФИФА) Джанни Инфантино - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Президенти FIFA дар Рӯзи меҳнаткашон ба Тоҷикистон меояд
Қаблан федератсия мушкилотро дар татбиқи системаи VAR эълон карда буд, ки истифодаи аввалини он бояд ҳангоми бозӣ барои Суперҷоми сурат мегирифт.
Гуфта мешавад, ки таҷҳизот аллакай харидорӣ шудааст ва сухан дар бораи таъхири таъминкунандагони таҷҳизот меравад.
"Бинобар он, ки шӯъбаи доварон ва нозироти ФФТ то ҳол омӯзиши амалии ҳакамонро оид ба истифода аз системаи кӯмаки видеоӣ ба анҷом нарасондааст, он ба нимаи дуюми Чемпионати Лигаи олӣ гузаронида шуд", - хабар медиҳад дафтари матбуоти ташкилот.
Лентаи хабарҳо
0