Сафорат вазъи духтарчаи дусолаи тоҷик, ки аз тиреза сарозер шуд, шарҳ дод

© Sputnik / Стас ЭтвешПосольство Республики Таджикистан в Москве
Посольство Республики Таджикистан в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Обуна шудан
Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, вазъи саломатии фарзанди муҳоҷири тоҷик, ки аз тиреза ба замин сарозер шуд, нисбат ба як рӯз пеш беҳтар аст
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Кӯдаки 2-сола тоҷик, ки рӯзи 9 апрел дар вилояти Ленинград аз тирезаи бинои 4 ошёна ба поён сарозер шуд, дар бемористон ҳамроҳ бо модаркалони худ бистарӣ аст.
Дар ин бора намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

"Кӯдаки аз ошёнаи чорум сарозер шуд ва дар ҳолати ниҳоят вазнин ба беморхона интиқол ёфт. Вазъи саломатии ӯ нисбат ба як рӯзи пеш андаке беҳтар аст", - афзуд манбаъ.

Ин ниҳод гуфт, вазъияти мазкур феълан таҳти пайгирии сафорат ва консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад.
Окно - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Дар Русия фарзанди дусолаи муҳоҷири тоҷик аз тиреза сарозер шуд
"Кормандони консулгарӣ кӯмаки молию пулӣ расонданд ва минбаъд низ ин хонаводаро дастгирӣ мекунанд", - илова намуд намояндаи сафорат.
Ҳодисаи мазкур дар кӯчаи Первомайская рух дод. Тибқи иттилои пешакӣ, ноболиғ аз беназоратии калонсолон аз тирезаи манзил ба берун афтодааст.
Қаблан низ чунин ҳодисаи нохуш рух дода буд. он замон кӯдаки панҷсола аз тирезаи бинои 18 ошёна ба поён сарозер шуда, то расидани мошини ёрии таъҷилӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.
Лентаи хабарҳо
0