Хона ба ҳавлини ҳамсоя кӯчид: Натиҷаи обхезӣ дар Гомел – видео

Обуна шудан
Кормандони КҲФ-и минтақаи Гомели Белорус икрор шуданд, ки бори аввал дар умрашон бо чунин вазъ рӯ ба рӯ шудаанд. Наҷотдиҳандагон хонаро ба ҷои амн кӯчонданд
Навори Sputnik-ро тамошо кунед, то бубинед, ки амалиёти наҷоти ҳавлии ҳамсоя аз хонаи ишғолгар чӣ гуна анҷом ёфт.
Нафақагир Мария Михайловна наҷотдиҳандагонро дида, барои тоза кардани ҳавлиаш даъват кард.
КҲФ дар тааҷуб монданд, ки хона ба ҳавлии ин зан кӯч бастааст. Бештар аз ҳама, зан дар бораи деворе нигарон аст, ки хонаи ғарқшуда онро метавонист ба осонӣ вайрон кунад. Симҳои электрики хам дар хавф буданд, онхоро боми хона канда, тамоми кучаро бебарк монд.
Кактусҳо зери барф: Биёбони гарми Аризона дар оғуши барф - видеои як падидаи нодир
Амалиёти наҷот тақрибан 20 дақиқа тӯл кашид. Наҷотдиҳандагон хонаро аз боғи ҳавлии зан кашида ба ҷойи дигар бурданд. Ва онро бо сим ба дарахт бастанд то ба ҳавлии дигарон наравад.
Ба гуфтаи ҳамсояҳо, ҳоло дар ин хонаи тобистона касе зиндагӣ намекунад. Ин хона ба соҳибони ҳозира он аз волидайн мерос мондааст.
Лентаи хабарҳо
0