Коршинос: Иқтисоди ҷаҳонӣ пас аз 15 соли ахир дар бӯҳрон қарор гирифт

© Sputnik / Нина ЗотинаДолларовые купюры
Долларовые купюры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2023
Обуна шудан
Собиқ вазири молияи Федератсияи Русия бар ин назар аст, ки иқтисоди ҷаҳонӣ пас аз соли 2008 ин ҷониб бори аввал дар чанги буҳрон аст
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Иқтисоди ҷаҳонӣ бори аввал аз соли 2008 инҷониб дар буҳрон қарор дорад, дар ҳоле ки номутавозунии бузург дар ин давра ҷамъ омадаанд.
Дар ин бора дар мусоҳиба бо РИА "Новости" иқтисодшинос, собиқ вазири молияи Русия Михаил Задорнов гуфт.
"Оё иқтисоди ҷаҳонӣ ҳоло дар бӯҳрон қарор дорад? Бешубҳа. Ҳарчанд дар ибтидои сол, пеш аз ҳама дар бозори Амрико ва Аврупо шубҳа вуҷуд дошт, ки дар соли ҷорӣ метавон аз бӯҳрон ҷилавгирӣ кард: рушди иқтисодӣ ба сифр наздик буд, аммо ба ҳар ҳол ин мусбат буд", - гуфт ӯ.
Задорнов қайд кард, ки арзёбии вазъ дар авоили моҳи март дар пасманзари суқути бонкҳо дар ИМА ва Аврупо тағйир ёфт.
"Маълум шуд, ки як қатор дороиҳо, на танҳо саҳмияҳои бонкӣ, балки вомбаргҳои дарозмуддати давлатӣ, вомбаргҳои корпоративӣ, бозори венчурӣ ва амволи ғайриманқул низ беқурб мешаванд", - мегӯяд иқтисоддон.
Тележка с продуктами в магазине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2023
“Сабади осебпазир”: оё буҳрони маводи ғизоӣ пеш омадааст?
Ӯ ёдовар шуд, ки буҳрон бо рафъи номутавозунии ҷамъшуда дар сохтори иқтисоди ҷаҳонӣ ё миллӣ тавсиф мешавад, ки дар натиҷа сохтори нави дороиҳо, арзиши нави онҳо пайдо мешавад ва инчунин бозорҳои сармоя ором мешаванд.
"Аз соли 2008 - тақрибан 15 сол боз буҳрони ҷаҳонӣ рух надодааст. Худ аз худ ин давра номутавозунии бузургро ҷамъ кардааст", - ҳушдор дод Задорнов.
Лентаи хабарҳо
0