Тоҷикистону Сербия масъалаи фарҳангиву гуманитариро баррасӣ карданд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМулоқот бо Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич
Мулоқот бо Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо муовини яккуми сарвазири Сербия гуфт, хостори густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳои т ҳастем
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид дошт, ки ҷумҳурӣ ҷонибдори густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду давлат ҳаст.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, инчунин технология, сайёҳӣ ва кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Официальная встреча Президента Азербайджанской Республики Ильхама Алиева и Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2023
Поёни сафари Алиев дар Тоҷикистон: ӯро Раҳмон шахсан гусел кард
“Дар ин зимн ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла соҳаи маориф ва илм ҳамчун самти ояндадори муносибатҳои Тоҷикистону Сербия арзёбӣ гардид”,- иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Зикр гардид, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Лентаи хабарҳо
0