Парвозҳо аз Маскав ба Тоҷикистон маъмултарин шудаанд

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, вид из самолета, архивное фото
Город Душанбе, вид из самолета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Обуна шудан
Дар соли 2023 миёни кишварҳои ҳамсоя чиптаҳо аз пойтахти Русия ба ҷумҳурӣ дар феҳристи маъмултарин самти интихоби сайёҳон қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Коршиносон маъмултарин самтҳои парвозҳо аз Маскавро дар семоҳаи аввали соли 2023 номбар карданд.
Ба гуфтаи таҳлилгарони "Туту" ва "Сберстрахование", русҳо дар миёни кишварҳои ҳамсоя бештар Тоҷикистонро интихоб кардаанд.
Аз ҳама бештар чиптаҳо ба шаҳрҳои Тоҷикистон буданд. Қариб 14,5% онҳое, ки ба хориҷа парвоз мекунанд, ин самтро интихоб кардаанд.
Самолет авиакомпании Nordwind Airlines - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2023
Аз Красноярск ба Бохтар парвози нав кушода мешавад
Ҳамчунин Узбекистон дар зинаи дуюм (14,24%), Арманистон дар зинаи сеюм (13,43%) қарор доранд. Боқимонда парвозҳо дар ин самтҳо чунин сурат гирифтааст:
Озарбойҷон (13,33%);
Қирғизистон (12,19%);
Туркия (10,28%);
Белорус (6,93%);
Қазоқистон (4,13%).
Муайян карда мешавад, ки ба ҳисоби миёна расиди парвоз ба кишварҳои ҳамсоя 22,3 ҳазор рубл, ба кишварҳои ИДМ 48,3 ҳазор рубл, ба Аврупо 61 ҳазор рублро ташкил додааст, менависад ТАСС.
Дар мавриди хатсайрҳои дохилӣ бошад, аксаран русҳо байни Маскаву Санкт-Петербург парвоз мекарданд, нархи чиптаҳо дар ин самт 6 ҳазор рублро ташкил медод.
Лентаи хабарҳо
0