Муаррифии долонҳои нақлиётии Тоҷикистон дар Роҳпаймоии автомобилии байналмилалӣ

© Sputnik / Амир ИсаевОпустевшие дороги в городе Душанбе
Опустевшие дороги в городе Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Обуна шудан
Роҳпаймоии автомобилии байналмилалӣ, ки аз пойтахти Тоҷикистон оғоз шуда, аз 5 кишвар мегузарад ва Масофаи умумии он қариб 4 ҳаз. километрро дарбар мегирад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон Роҳпаймоии VI байналмилалии Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон (ШБР) таҳти унвони “Корвони дӯстӣ” баргузор мешавад.
Дар ин бора вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ роҳпаймоии автомобилии байналмилалӣ аз 24 апрел то 10 майи соли 2023 идома хоҳад ёфт.
Роҳпаймоӣ бо ибтикори Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ИДМ, вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон гузаронида мешавад.
“Автомашинаҳо ҳаракати худро аз шаҳри Душанбе оғоз намуда, пасон масири Айнӣ – Панҷакент - сарҳади Тоҷикистон бо Ӯзбекистон - Самарқанд, Навоӣ – Бухоро - сарҳади Ӯзбекистон бо Туркманистон - Туркманобод – Марв – Ашқобод – сарҳади Туркманистон бо Эрон - Машҳад – Тӯс – Нишопур - Гургон - Сори – Теҳрон - Табриз - сарҳади Эрон бо Арманистон – Мегри – Капан – Ереванро тай хоҳанд намуд”, иттилоъ додааст сафорат.
Масофаи умумии роҳпаймоии “Корвони дӯстӣ” қариб 4 ҳаз. километрро дарбар мегирад.
Электромобиль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Лоиҳа дар ҳукумат: то 30%-и нақлиёт дар Тоҷикистон бояд барқӣ шавад
Таъкид шудааст, ки ҳадаф аз ташкили роҳпаймоӣ пойга набуда, он бо риояи тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гузаронида мешавад.
“Мақсади асосӣ – муаррифии долонҳои нақлиётии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ширкаткунанда мебошад”, - таъкид кардааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки дар ҷараёни роҳпаймоӣ имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон намоиши дода шуда ширкаткунандагони роҳпаймоӣ аз шаҳри бостонии Саразм, ки ба руйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардидааст, дидан мекунанд.
Ҳамзамон дар ин рӯзҳо баргузории панҷ конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Самарқанд, Ашқобод, Теҳрон ва Ереван, инчунин семинарҳо дар тамоми масири хатсайр оид ба масоили рушди долонҳои нақлиётӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, сарфаи вақт дар хатсайрҳои байналмилалӣ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0