Ҳамкории Афғонистону Русия барои мубориза бо маводи мухаддир

CC BY 2.5 / Zyance / Опийный мак в Афганистане, архивное фото
Опийный мак в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Обуна шудан
Мақомоти толибҳо ва Русия дар дидоре дар шаҳри Кобул дар бораи ҳамкории муштарак барои мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ ва табодули назар карданд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталь Саид дар як ҷамъомаде Қисми ҳарби Ҳукумати феълиит Афғонистон алоқаманди ҳамкорӣ бо Русия дар заминаи мубориза бо мавод мухаддир аст, гуфт дар ин бора муовини идораи мубориза бо маводи мухаддири вазорати дохилаи ҳукумати толибҳо мулло Абдулҳақ Охунд, дар дидор Олег Моюнов намояндаи идораи мубориза бо маводи мухаддири Русия дар Кобул.
Дар ин дидор, мақомдори толибҳо дар бораи раванди ҷамъоварии муътодон дар Афғонистон, равишҳои дармони эътиёд фароҳам шудани заминаи омузиш барои муътодони дар ин кишвар ба намояндаи Русия тавзеҳ дод.
Намояндаи идораи мубориза бо маводи мухаддири Русия низ барои ҳамкорӣ бо толибҳо дар заминаи мубориза бо маводи мухаддири эълом омодагӣ кард.
Вазири хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
Толибҳо: Афғонистон алоқаманд ба густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ бо Русия аст
Афғонистон аз бузургтарину аслитарин тавлидкунандагон маводи мухаддир дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Беш аз чаҳор миллион нафар аз мардуми Афғонистон низ муътод ба маводи мухаддир ва беш аз 500 ҳазор нафар аз мардум даргир кошт, тиҷорату қочоқи мавод мухаддир ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул аз афзоиши 32 дарсадии кишти хашхош дар Афғонистон дар миқёси соли 2021 хабар дода буд.
СММ хабар дода буд, ки мушкили бузурги маводи мухаддир дар Афғонистон ҳамчунон ҳал нашуда монда ва ин кишвар тавлидкунанда 85 дарсади тарёк дар ҷаҳонаст.
Уничтожение дикорастущей конопли в Алтайском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2023
Кишти гиёҳи банг дар Афғонистон мамнуъ шуд
СММ ҳамчунин бо ишора ба дидори Роза Атанбаева, намояндаи вижаи дабири кулли СММ бо Абдулҳақ Охунд, масъули мубориза бо маводи мухаддир дар вазорати дохилаи давлати муваққати толибон, мамнӯъияти маводи мухаддир, дармони муътодон, таваққуфи тавлиди тирёк, огоҳии бахше дар мавриди зиёни маводи мухаддир ва ёфтан машоғиле ба ҷои тавлиду фурӯши маводи мухаддирро меҳвари аслӣ ин гуфтугӯ эълом кард.
Толибҳо апрели соли 2022 кишти хашхошу тавлиди соири маводи мухаддирро мамнӯъ эълом кард. Аммо дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими СММ (UNODC) дар охирин гузориши худ аз афзоиши кишти хашхош дар соли 2022 дар Афғонистон ва афзоиши се баробарии қимати тирёки пас аз мамнӯъияти кишти хашхош дар Афғонистон хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0