Идомаи достони суқути Кобул: Блинкен гуфт, ИМА комилан омода набуд

© Flickr \ Official U.S. Navy PageВоеннослужащие НАТО осуществляют посадку в вертолет
Военнослужащие НАТО осуществляют посадку в вертолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Обуна шудан
Конгресси ИМА маводи махфии хурӯҷи осемасари нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро мавриди таҳқиқ қарор додааст, ки аъмоли сиёсатмадорон ва низомиёнро меомӯзад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Амрико ба суқути сареъи Кобул ва ҳукумати Афғонистон дар соли 2021 комилан омода набуд.
Ин нуктаро Энтони Блинкен-вазири корҳои хориҷаи Амрико эътироф карда гуфтааст, ки Департаменти давлатии ӯ метавонист ва бояд барои омодагӣ ба сенарияи бадтарин коре анҷом диҳад, менависад нашрияи Politico.
Ӯ зимни як мулоқот бо тобеинаш гуфтааст, ки вазорати хориҷаи Омрико дар ҳоли ироаи баҳои худ аз рӯйдодҳо ба Конгресс аст, аммо ин гузориш мунташир нахоҳад шуд.
"Ба зудӣ ғаспи қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон* хеле ғайриимкон ҳисобида мешуд, аммо баръало як ҳодисаи эҳтимолан хеле ҷиддӣ буд, барои омодагӣ ба он бояд бештар кор карда мешуд", - гуфт Блинкен.
Блинкен пас аз даъват ба интишори ин гузориш изҳор доштааст, ки яке аз сабабҳои махфӣ нигоҳ доштани он ин аст, ки "баъзе осебпазириҳо ва заъфҳое, ки мо дорем" интишор нашаванд, зеро "ин маълумотест, ки ба таври васеъ паҳн карданаш хуб нест".
Маврид ба зикр аст, ки дар авоили августи соли 2021 Толибон* ҳамлаи худро алайҳи нирӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг тамом шудааст.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2023
Путин: Баъди фирори ИМА аз Афғонистон вазъ дар ин кишвар вахимтар шуд
Ду ҳафтаи ахири моҳи августи он сол аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, ихроҷи оммавии шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 соли низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Рӯзи панҷшанбе маъмурияти Амрико ба Конгресс маводи махфии "таҳлили пас аз фактум"-и дохилиидоравии хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ки мавриди таҳқиқи қонунгузорон шуд, супурд.
Лентаи хабарҳо
0