https://sputnik.tj/20230406/zarbahoi-mushakii-isroil-lubnon-tafsiloti-nizo-video-1056266679.html
Зарбаҳои мушакии Исроил ва Лубнон: тафсилоти низоъ ва видео
Зарбаҳои мушакии Исроил ва Лубнон: тафсилоти низоъ ва видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Исроил се нафар маҷрӯҳ шуд: Ин бузургтарин зарбаҳои мушакӣ ба сӯйи Исроил аз қаламрави Лубнон дар 17 соли охир ба шумор меравад
2023-04-06T18:59+0500
2023-04-06T18:59+0500
2023-04-06T18:59+0500
исроил
ховари миёна
лубнон
мушакборон
мушак
низоъ
марз
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102283/36/1022833692_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_be154d4e3513a0f731173ae57db05178.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, аз Лубнон ба шимоли Исроил даҳҳо ва ба гуфтаи манобеъи дигар, садҳо мушак партоб шудааст.Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни ҳамлаи мушакӣ ба Исроил дастикам се нафар маҷрӯҳ шудаанд.Як нафар бар асари пораҳои мушаки афтода захмӣ шуд ва як нафари дигар ҳангоми талоши пинҳон шудан дар паноҳгоҳ захмӣ шуд. Дар ҳоли ҳозир маълумотҳо тафтиш мешаванд. Наворҳои мушакборони Исроил дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд.Ҳошим, вакили парлумони Лубнон ба РИА “Новости” гуфтааст, ки мушакҳо ба сӯи Исроил аз қаламрави Лубнон ба эҳтимоли зиёд аз урдугоҳҳои фаластиниҳо партоб шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ беш аз 90 мушак партоб шудааст.Бино ба иттилои расонаҳои Исроил, як қисми мушакҳоро системаи зиддиҳавоии “Гумбази оҳанин” нобуд кардааст. Дар Нетания, Тел-Авив, мушакҳо ба биноҳо афтиданд.Ба иттилои расонаҳо ҷангандаҳои Исроил дар ҷавоб ба ҷануби Лубнон бомб андохтанд. Ба нерӯҳои посдори сулҳи UNIFIL, ки дар ҷануби Лубнон мустақар шудаанд, амр шудааст, ки дар интизори ҳамлаи эҳтимолии ҳавоии Исроил дар паноҳгоҳҳо пинҳон шаванд.Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, алакай бо раҳбарияти ниҳодҳои низомӣ ҷаласаи фаврӣ баргузор кардааст.Дар ҳамин ҳол, фурудгоҳи байналмилалии Бен Гурион дар Тел-Авив парвоз ва қабули ҳавопаймоҳоро манъ кард.Расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки аз соли 2006, вақте ки Исроил бо Ҳизбуллоҳ ҷанг карда буд, чунин ҳамлае рух надода буд. Мақомоти шаҳр аз мардум даъват карданд, ки кӯчаҳоро тарк кунанд ва ба паноҳгоҳҳои ҳимоят аз бомб фароянд.Ба иттилои бархе аз расонаҳо авҷ гирифтан низоъ дар минтақа ба задухӯрдҳо дар масҷиди муқаддаси мусулмонони Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас рабт дорад.Нерӯҳои исроилӣ вориди масҷид шуданд ва ба боздошти фаластиниҳо, ки дар он ҷо буданд, бо истифода аз норинҷакҳои садонок, гази ашковар, тирҳои резинӣ ва калтакҳо шурӯъ карданд.
исроил
ховари миёна
лубнон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102283/36/1022833692_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_0f8b2d97fa7c004e8d46543c8b408b98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лубнон, исроил, ховари миёна, дар ҷаҳон, низоъ, мушакборон
лубнон, исроил, ховари миёна, дар ҷаҳон, низоъ, мушакборон
Зарбаҳои мушакии Исроил ва Лубнон: тафсилоти низоъ ва видео
Дар Исроил се нафар маҷрӯҳ шуд: Ин бузургтарин зарбаҳои мушакӣ ба сӯйи Исроил аз қаламрави Лубнон дар 17 соли охир ба шумор меравад
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, аз Лубнон ба шимоли Исроил даҳҳо ва ба гуфтаи манобеъи дигар, садҳо мушак партоб шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни ҳамлаи мушакӣ ба Исроил дастикам се нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Як нафар бар асари пораҳои мушаки афтода захмӣ шуд ва як нафари дигар ҳангоми талоши пинҳон шудан дар паноҳгоҳ захмӣ шуд. Дар ҳоли ҳозир маълумотҳо тафтиш мешаванд. Наворҳои мушакборони Исроил дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд.
Ҳошим, вакили парлумони Лубнон ба РИА “Новости” гуфтааст, ки мушакҳо ба сӯи Исроил аз қаламрави Лубнон ба эҳтимоли зиёд аз урдугоҳҳои фаластиниҳо партоб шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ беш аз 90 мушак партоб шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳои Исроил, як қисми мушакҳоро системаи зиддиҳавоии “Гумбази оҳанин” нобуд кардааст. Дар Нетания, Тел-Авив, мушакҳо ба биноҳо афтиданд.
Ба иттилои расонаҳо ҷангандаҳои Исроил дар ҷавоб ба ҷануби Лубнон бомб андохтанд. Ба нерӯҳои посдори сулҳи UNIFIL, ки дар ҷануби Лубнон мустақар шудаанд, амр шудааст, ки дар интизори ҳамлаи эҳтимолии ҳавоии Исроил дар паноҳгоҳҳо пинҳон шаванд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, алакай бо раҳбарияти ниҳодҳои низомӣ ҷаласаи фаврӣ баргузор кардааст.
Дар ҳамин ҳол, фурудгоҳи байналмилалии Бен Гурион дар Тел-Авив парвоз ва қабули ҳавопаймоҳоро манъ кард.
Расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки аз соли 2006, вақте ки Исроил бо Ҳизбуллоҳ ҷанг карда буд, чунин ҳамлае рух надода буд. Мақомоти шаҳр аз мардум даъват карданд, ки кӯчаҳоро тарк кунанд ва ба паноҳгоҳҳои ҳимоят аз бомб фароянд.
Ба иттилои бархе аз расонаҳо авҷ гирифтан низоъ дар минтақа ба задухӯрдҳо дар масҷиди муқаддаси мусулмонони Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас рабт дорад.
Нерӯҳои исроилӣ вориди масҷид шуданд ва ба боздошти фаластиниҳо, ки дар он ҷо буданд, бо истифода аз норинҷакҳои садонок, гази ашковар, тирҳои резинӣ ва калтакҳо шурӯъ карданд.