https://sputnik.tj/20230406/peshgiri-sel-sohilmustahkamkuni-daryo-nohiyai-asht-1056254593.html
Пешгирӣ аз омадани сел: Соҳилмустаҳкамкунии дарёҳо дар ноҳияи Ашт
Пешгирӣ аз омадани сел: Соҳилмустаҳкамкунии дарёҳо дар ноҳияи Ашт
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳудудҳои осебпазири ноҳия Ашт, аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти Понғоз, Ошоба, Пунук ва Ашт корҳои соҳилмустаҳкамкунии дарёҳо идома дорад
2023-04-06T16:43+0500
2023-04-06T16:43+0500
2023-04-06T16:43+0500
дар тоҷикистон
ашт
суғд
соҳилмустаҳкамкунӣ
дарё
офати табиӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/06/1056254218_0:84:1280:804_1920x0_80_0_0_f13e2848b905bb10a69f7668779f469c.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар ноҳияи Ашт корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дошта, барои иҷрои корҳо гуруҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сафарбар карда шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Ба иттилои манбаъ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ашт рафата шахсан бо рафти корҳои соҳилбандӣ шинос шудааст.Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки барои пешгирии офатҳои табиӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони саховатпеша тамоми тадбирҳо андешида шуда, корҳои соҳилбандӣ дар ҳудудҳои осебпазири ноҳия, аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти Понғоз, Ошоба, Пунук ва Ашт идома доранд.Мақомоти Суғд илова кардааст, ки ҳамасола дар мавсими баҳору тобистон дар ин мавзеъ ва дар маҷмуъ дар сойи Ашт селҳои нисбатан калон омада, ба хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ, роҳу пулҳо ва дигар инфрасохтори мавҷуда хисороти ҷиддӣ мерасонанд.Қайд карда шудааст, ки дар сатҳи зарурӣ ба охир расонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ имкон медиҳад, ки зарари офатҳои табиӣ пешгирӣ карда шавад.
https://sputnik.tj/20230406/bunyodi-korkhona-jurobbofi-nohiyai-asht-1056247081.html
ашт
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/06/1056254218_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_951663f930d6ed57dbfda53c2370f6c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ашт, соҳилмустаҳкамкунӣ, дарё, пешгирӣ, офати табӣ,онғоз, ошоба, пунук ва ашт
ашт, соҳилмустаҳкамкунӣ, дарё, пешгирӣ, офати табӣ,онғоз, ошоба, пунук ва ашт
Пешгирӣ аз омадани сел: Соҳилмустаҳкамкунии дарёҳо дар ноҳияи Ашт
Дар ҳудудҳои осебпазири ноҳия Ашт, аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти Понғоз, Ошоба, Пунук ва Ашт корҳои соҳилмустаҳкамкунии дарёҳо идома дорад
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар ноҳияи Ашт корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дошта, барои иҷрои корҳо гуруҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сафарбар карда шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ашт рафата шахсан бо рафти корҳои соҳилбандӣ шинос шудааст.
“Сохтмончиёни соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, сокинон низ дар ин иқдом саҳми арзандаи худро мегузоранд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба мустаҳкам кардани соҳили сою наҳрҳо равона гардидааст, то ҳангоми омадани сел одамон ва амволашон зарар набинанд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки барои пешгирии офатҳои табиӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони саховатпеша тамоми тадбирҳо андешида шуда, корҳои соҳилбандӣ дар ҳудудҳои осебпазири ноҳия, аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти Понғоз, Ошоба, Пунук ва Ашт идома доранд.
Мақомоти Суғд илова кардааст, ки ҳамасола дар мавсими баҳору тобистон дар ин мавзеъ ва дар маҷмуъ дар сойи Ашт селҳои нисбатан калон омада, ба хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ, роҳу пулҳо ва дигар инфрасохтори мавҷуда хисороти ҷиддӣ мерасонанд.
Қайд карда шудааст, ки дар сатҳи зарурӣ ба охир расонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ имкон медиҳад, ки зарари офатҳои табиӣ пешгирӣ карда шавад.