https://sputnik.tj/20230406/korfarmoyoni-rusiya-beshtar-muhojironi-tojikro-ba-kor-jalb-mekunand-1056271172.html
Корфармоёни Русия бештар муҳоҷирони тоҷикро ба кор ҷалб мекунанд
Корфармоёни Русия бештар муҳоҷирони тоҷикро ба кор ҷалб мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Корфармоёни Русия ахиран дар бораи ба кор ҷалб кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ва талаботҳо корҷӯёни хориҷӣ посух комил доданд
2023-04-06T22:01+0500
2023-04-06T22:01+0500
2023-04-06T22:01+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
русия
корфармо
ҷустуҷӯ
кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/15/1032129227_0:298:3060:2020_1920x0_80_0_0_6626bb98c2263c9a263888cb236c28eb.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ҳар шашумин корфармое, ки дар Русия пурсиш шудааст, муҳоҷири меҳнатиро барои кор ҷалб кардааст.Натиҷаҳои таҳқиқоти бузургтарин платформаи ҷустуҷӯи кор ба таври онлайнӣ “Headhunter” аз он гувоҳӣ медиҳад. Санади мазкур дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад.Ба корфармоён дар бораи ба кор ҷалб кардани муҳоҷирон ва талаботҳои онҳо нисбати корҷӯён суол дода шуд.Муайян шудааст, ки бештар ба кор шаҳрвандони Ӯзбекистон (56% ширкатҳо) ва Тоҷикистон (55%) ҷалб мешаванд. Ҳамчунин, кишварҳои пешсаф бо ҳиссаи бештари муҳоҷирон ин Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Озарбойҷон мебошанд.Тибқи натиҷаҳои пурсиш, беш аз нисфи (61%) корфармоёни Русия хориҷиёнро барои нақшҳои марбут ба меҳнати ҷисмонӣ ба кор ҷалб мекунанд. Бо вуҷуди ин, 23% муҳоҷирон барои вазифаҳои марбут ба фаъолияти фикрӣ ҷалб мешаванд.Миёни талаботҳои асосӣ мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кори қонунӣ дар Русия, фаҳмиши забони русӣ, қобилияти хондан ва навиштан ба он мебошанд.Ин тадқиқот аз 18 март то 3 апрели соли 2023 миёни тақрибан 500 ширкати корфармо гузаронида шуд.Ёдовар мешавем, ки ахиран маълумоте нашр шуд, ки тибқи он муҳоҷирон пас аз як сол омадан ба таври оммавӣ ба вилояти Свердловск шуруъ карданд.Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2022 афзоиши муҳоҷират 213 нафарро ташкил додааст.Қаблан сардори Сарраёсати вилоятии Вазорати корҳои дохилии Русия Александр Мешков гуфта буд, ки дар соли 2022 шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар минтақа қариб 25% афзоиш ёфтааст ва ин нисбат ба соли 2021 қариб чоряк бештар аст.
https://sputnik.tj/20230321/tojikiston-muhojirat-viloyat-tula-pushsaf-1055655827.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/15/1032129227_0:219:2438:2048_1920x0_80_0_0_c27ee8a73c646b0082e6d03e606e2470.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, корфармо, муҳоҷират, кор, ҷалб, корҷӯ, посух
тоҷикистон, русия, корфармо, муҳоҷират, кор, ҷалб, корҷӯ, посух
Корфармоёни Русия бештар муҳоҷирони тоҷикро ба кор ҷалб мекунанд
Корфармоёни Русия ахиран дар бораи ба кор ҷалб кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ва талаботҳо корҷӯёни хориҷӣ посух комил доданд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ҳар шашумин корфармое, ки дар Русия пурсиш шудааст, муҳоҷири меҳнатиро барои кор ҷалб кардааст.
Натиҷаҳои таҳқиқоти бузургтарин платформаи ҷустуҷӯи кор ба таври онлайнӣ “Headhunter” аз он гувоҳӣ медиҳад. Санади мазкур дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад.
Ба корфармоён дар бораи ба кор ҷалб кардани муҳоҷирон ва талаботҳои онҳо нисбати корҷӯён суол дода шуд.
"Дар аксари маворид (76%) корфармоён дар як моҳ то 10 муҳоҷирро қабул мекунанд. 13%-и дигар омодаанд то 20 шаҳрванди хориҷиро бо кор таъмин намоянд", - омадааст дар таҳқиқот.
Муайян шудааст, ки бештар ба кор шаҳрвандони Ӯзбекистон (56% ширкатҳо) ва Тоҷикистон (55%) ҷалб мешаванд. Ҳамчунин, кишварҳои пешсаф бо ҳиссаи бештари муҳоҷирон ин Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Озарбойҷон мебошанд.
Тибқи натиҷаҳои пурсиш, беш аз нисфи (61%) корфармоёни Русия хориҷиёнро барои нақшҳои марбут ба меҳнати ҷисмонӣ ба кор ҷалб мекунанд. Бо вуҷуди ин, 23% муҳоҷирон барои вазифаҳои марбут ба фаъолияти фикрӣ ҷалб мешаванд.
Миёни талаботҳои асосӣ мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кори қонунӣ дар Русия, фаҳмиши забони русӣ, қобилияти хондан ва навиштан ба он мебошанд.
Ин тадқиқот аз 18 март то 3 апрели соли 2023 миёни тақрибан 500 ширкати корфармо гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран маълумоте нашр шуд, ки тибқи он муҳоҷирон пас аз як сол омадан ба таври оммавӣ ба вилояти Свердловск шуруъ карданд.
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2022 афзоиши муҳоҷират 213 нафарро ташкил додааст.
Қаблан сардори Сарраёсати вилоятии Вазорати корҳои дохилии Русия Александр Мешков гуфта буд, ки дар соли 2022 шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар минтақа қариб 25% афзоиш ёфтааст ва ин нисбат ба соли 2021 қариб чоряк бештар аст.