https://sputnik.tj/20230406/eloni-ozmun-behtarin-shahr-nohiya-deha-sugd-1056270202.html
Эълони озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла дар Суғд
Эълони озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Озмуни мазкур бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор карда мешавад
2023-04-06T21:30+0500
2023-04-06T21:30+0500
2023-04-06T21:30+0500
дар тоҷикистон
озмун
фарҳанг
беҳтарин
шаҳр
ноҳия
деҳот
суғд
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/81/1029258176_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_a20cf073ccf5583841392c3ca5961739.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар вилояти Суғд озмуни "Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ" гузаронида мешавад, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.Ба иттилои манбаъ, ба ғолибон — соҳибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми бахшҳои "Хонаи истиқоматии беҳтарин", "Маҳаллаи беҳтарин", "Деҳаи беҳтарин", "Деҳоти беҳтарин", "Шаҳраки беҳтарин" мутаносибан 6 ҳаз. сомонӣ, 4 ҳаз. сомонӣ ва 2 ҳаз. сомонӣ супорида хоҳад шуд.Зикр гардидааст, ки ба ғолибони бахшҳои "Шаҳри беҳтарин" ва "Ноҳияи беҳтарин" мутаносибан 10 ҳаз. сомонӣ, 6 ҳаз. сомонӣ ва 3 ҳаз. сомонӣ тақдим мегардад.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки озмуни мазкур бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ доир гардида, ғолибон бо мукофоти пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ карда мешаванд.Ёдовар мешавем, ки дар барои вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори Тоҷикистон ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ гузаронидани озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи беҳтарин ба роҳ монда шудааст.
https://sputnik.tj/20230202/hukumati-tojikiston-barguzori-masraf-1054645924.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/81/1029258176_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_ef0d3f2f37fa285dd7738a7aa7ac3822.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, хуҷанд, озмун, тарбия, зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, беҳтарин шаҳру ноҳия
тоҷикистон, суғд, хуҷанд, озмун, тарбия, зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, беҳтарин шаҳру ноҳия
Эълони озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла дар Суғд
Озмуни мазкур бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор карда мешавад
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар вилояти Суғд озмуни "Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ" гузаронида мешавад, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, ба ғолибон — соҳибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми бахшҳои "Хонаи истиқоматии беҳтарин", "Маҳаллаи беҳтарин", "Деҳаи беҳтарин", "Деҳоти беҳтарин", "Шаҳраки беҳтарин" мутаносибан 6 ҳаз. сомонӣ, 4 ҳаз. сомонӣ ва 2 ҳаз. сомонӣ супорида хоҳад шуд.
Зикр гардидааст, ки ба ғолибони бахшҳои "Шаҳри беҳтарин" ва "Ноҳияи беҳтарин" мутаносибан 10 ҳаз. сомонӣ, 6 ҳаз. сомонӣ ва 3 ҳаз. сомонӣ тақдим мегардад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки озмуни мазкур бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ доир гардида, ғолибон бо мукофоти пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар барои вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори Тоҷикистон ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ гузаронидани озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи беҳтарин ба роҳ монда шудааст.