Баргузории форуми омӯзгорони забони русӣ дар Душанбе

© SputnikФорум преподавателей русского языка в Душанбе
Форум преподавателей русского языка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2023
Обуна шудан
Дар чорабинӣ, ки дар мактаби ба номи Юрий Гагарини шаҳри Душанбе баргузор мешавад, 50 роҳбари мактаб ва зиёда аз 300 омӯзгор ҷамъ омаданд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Душанбе ҳамоиши байналмилалии “Забони русӣ – асоси рушди фазои таълимии Русия ва Тоҷикистон” ба кор шурӯъ кард.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, фароҳам овардани имконияти омӯзгорон барои ташкили муколамаи озод, табодули таҷриба дар корҳои методӣ ва ҳамкорӣ бо кӯдакон пешбинӣ шудааст.
Дар форум 50 нафар роҳбарони мактабҳо ва зиёда аз 300 омӯзгорон ҷамъ омаданд.
Дар маросими ифтитоҳи форум сафири Русия Семён Григорев ва муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон Ҷамшед Ҳабибулло суханронӣ карданд.
Трудовые мигранты с документами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2023
Донистани забони русӣ барои довталабони барномаи кӯчонидани ҳамватанон ҳатмӣ шуд
Онҳо ба ҳозирин муроҷиат намуда, аҳамияти забони русиро барои ҳамкории ду кишвар на танҳо дар соҳаи маориф ва илм, балки дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат таъкид карданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар ИДМ Соли забони русӣ эълон шудааст.
Дар нишасти Остона аз таъсиси созмони пуштибонӣ ва тарғиби забони русӣ дар кишварҳои ҳамсуд эълом шуд. Вазифаи асосии он ҳифз ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар асоси ҳамоҳангии наздики забонҳои кишварҳои узви ин иттиҳод мебошад.
Лентаи хабарҳо
0