Боздошти 350 нафар аз сӯйи пулиси Исроил дар Масҷидулақсо - Видео

Обуна шудан
Дар задухӯрд бо нерӯҳои исроилӣ дар Масҷидулақсои Байтулмуқаддас даҳҳо фаластинӣ захмӣ гардиданду садҳо нафари дигар боздошт шуданд
Хабаргузории “Франс Пресс” дар истинод ба пулиси Исроил хабар дод, ки дар Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас дасти кам 350 нафар боздошт шуданд.
“Беш аз 350 нафар дар Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас боздошт шудаанд", - гуфта шудааст дар баёнияи пулиси Исроил.
Қаблан расонаҳои фаластинӣ навишта буданд, ки дар даргириҳо бо нерӯҳои амниятии Исроил дар Масҷидулақсо даҳҳо фаластинӣ захмӣ шудаанд.
Зарбаҳои артиши Исроил ба Навори Ғазза – видео
"Тамоми афроди боздоштшуда, ки имшаб дастгир шуданд, барои бозпурсӣ ба маркази амалиёт ва тафтишоти идораи пулиси Байтулмуқаддас расонида шуданд. Пас аз хориҷ кардани шӯришиён, нерӯҳои пулиси Исроил аз кӯҳи маъбад берун шуданд ва масҷидро поксозь карданд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Баъди хуҷуми Исроил дар як катор шаҳрҳои соҳили Ғарб гирдиҳамоиҳо оғоз шуданд.
Амалиёти Исроилро аллакай Урдун ва Миср маҳкум карданд.
Лентаи хабарҳо
0