Муовини Сарвазир: Супоришҳои Ҳукумат дар бораи муҳоҷиратро сари вақт иҷро намоед

© Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ҷаласаи комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди ҳукумати кишвар
Ҷаласаи комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди ҳукумати кишвар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2023
Обуна шудан
Дар ашҳри Душанбе дар вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷ ва дохили кишварро баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сатториён Матлубахон дар ҷаласаи комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди ҳукумати кишвар ба вазорату идораҳои дахлдор барои иҷрои саривақтии супоришҳои ҳукумат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ супоришҳои мушахас дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур, ки намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор иштирок доштанд, ҳисоботу пешниҳодҳои намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи масъалаҳои рӯзнома шунида шуд.
Привлечение иностранной рабочей силы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират дар вилояти Тула пешсаф шуд
“Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сатториён Матлубахон ба вазорату идораҳои дахлдор барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати кишвар дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирон супоришҳои мушаххас дода шуданд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон таъкид карда шудааст, ки дар ин ҷаласа вобаста ба масъалаи дигари рӯзнома гузоришҳои намояндагони кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва кумитаи дин, танзимни анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ шунида шуд.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа гузориш дар бораи баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар шунида шуд.
Лентаи хабарҳо
0