https://sputnik.tj/20230331/suporish-rahmon-sugd-barqaror-korkhona-azkormonda-1055899512.html
Супориши Раҳмон ба мақомоти Суғд дар бораи барқарор намудани корхонаҳои азкормонда
Супориши Раҳмон ба мақомоти Суғд дар бораи барқарор намудани корхонаҳои азкормонда
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба мақомоти Суғд супориш дод, ки сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва коҳиш ёфтани истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулотро омӯзанд
2023-03-31T22:00+0500
2023-03-31T22:00+0500
2023-03-31T22:00+0500
супориш
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
суғд
коргоҳ
мақомот
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055899251_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_bd30993b502b5161eb5586cbc9d0fd16.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ба мақомоти вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва ислоҳи баъзе лоиҳаҳо камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, ба роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дод.Раисҷумҳур роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор кард, ки фаъолияти худро бо мақсади татбиқи ҳадафи стратегӣ доир ба ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ вусъат бахшанд.Ҳамзамон вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш гирифт, ки якҷо бо мақомоти Суғд ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарор намудани корхонаҳои азкормонда тадбирҳои қатъӣ андешида, барои рушди содироти маҳсулот чораҷӯӣ намояд.Инчунин, роҳбарону мутахассисони вилоят супориш гирифтанд, ки якҷо бо вазорати саноат ва технологияҳои нав сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва коҳиш ёфтани истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулоти соҳаро мавриди омӯзиш қарор диҳанд ва барои пешгирӣ кардани ин раванд чораҳои таъхирнопазир андешанд.
https://sputnik.tj/20230330/qanoatmandi-rahmon-mardum-sughd-obodi-viloyat-1055869603.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055899251_146:0:1963:1363_1920x0_80_0_0_88eaef4fe6587e546fb9a93ae924b1f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, супориш, раҳмон, мақомот, барқарор намудан, корхона, азкормонда, суғд
тоҷикистон, супориш, раҳмон, мақомот, барқарор намудан, корхона, азкормонда, суғд
Супориши Раҳмон ба мақомоти Суғд дар бораи барқарор намудани корхонаҳои азкормонда
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба мақомоти Суғд супориш дод, ки сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва коҳиш ёфтани истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулотро омӯзанд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ба мақомоти вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва ислоҳи баъзе лоиҳаҳо камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, ба роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дод.
“Амалишавии самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, хусусан, бунёди сифатноки иншооти пешбинишуда, харидорӣ ва истифодаи мақсадноки техникаву таҷҳизотро зери назорати доимӣ қарор дода, камбудиҳои дар татбиқи лоиҳаҳо ҷойдоштаро фавран бартараф намоянд”, - таъкид кард раҳбари кишвар.
Раисҷумҳур роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор кард, ки фаъолияти худро бо мақсади татбиқи ҳадафи стратегӣ доир ба ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ вусъат бахшанд.
Ҳамзамон вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш гирифт, ки якҷо бо мақомоти Суғд ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарор намудани корхонаҳои азкормонда тадбирҳои қатъӣ андешида, барои рушди содироти маҳсулот чораҷӯӣ намояд.
Инчунин, роҳбарону мутахассисони вилоят супориш гирифтанд, ки якҷо бо вазорати саноат ва технологияҳои нав сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва коҳиш ёфтани истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулоти соҳаро мавриди омӯзиш қарор диҳанд ва барои пешгирӣ кардани ин раванд чораҳои таъхирнопазир андешанд.