https://sputnik.tj/20230330/zardori-khon-terroristi-afghon-pokiston-panoh-1055847134.html
Зардорӣ: Имрон Хон ҳазорон террористи афғонро дар Покистон паноҳ дод
Зардорӣ: Имрон Хон ҳазорон террористи афғонро дар Покистон паноҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Покистон гуфт, нахуствазири пешини ин кишвар ҳазорон террористро аз Афғонистон дар манотиқи қабиланишини Покистон ҷой додааст
2023-03-30T10:19+0500
2023-03-30T10:19+0500
2023-03-30T10:21+0500
покистон
сиёсат
дар ҷаҳон
имрон хон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102988/38/1029883839_0:336:2841:1934_1920x0_80_0_0_caf4e8bea9851304b1c8ad1304d97687.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Билавал Бҳутто Зардорӣ, вазири умури хориҷаи Покистон, Имрон Хонро масъули нооромиҳои феълии иқтисодӣ ва мавҷи нави терроризм дар Покистон донист.Номбурда ин нуктаро зимни суханронии худ дар порлумони ин кишвар изҳор доштааст, хабар медиҳанд расонаҳои покистонӣ.Ба гуфтаи ӯ, терроризм, ки бо қурбонии артиш, пулис ва мардуми Покистон нобуд шуд, аз сӯи Имрон Хон дубора эҳё гардид. Ин суханони Зардорӣ дар ҳоле садо медиҳанд, ки худи Покистон дар солҳои ахир ба ҳамкорӣ бо Толибон* муттаҳам мешавад. Санаи 29 март Додгоҳи олии Исломобод низ бидуни қабули гарав барои Имрон Хон дар робита ба қазияи таҳдид ба як қозии зан ва як афсари пулиси покистонӣ дастури ҳабс содир кардааст. Рӯзҳои ахир шаҳрвандони Покистон шоҳиди муноқишаҳои байни ҳукумат ва нахуствазири собиқи ин кишвар шудаанд.Ёдовар мешавем, ки Хон дар моҳи апрели соли 2022 пас аз тасвиби раъйи нобоварии парлумони Покистон ба ӯ маҷбур шуд, ки истеъфо диҳад. Қаблан, рӯзи 24 феврал вай бо як сафари расмӣ вориди Маскав шуд.Бино ба гузориши коршиносон, сабаби барканории наздикияш тайи солҳои ахир бо Маскав ва Пекин буд, ки он ба Аврупо ва Амрико хуш наёмад.Собиқ сарвазири дар барканорияш ИМА-ро муттаҳам кард.Ӯ дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии Sunday Times гуфт, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу гӯё ӯро аз хатари сарнагунии ногузир дар пешорӯи раъйдиҳии эътимод ҳушдор додааст.Имрон Хон бо истинод ба ҳарфҳои Лу таъкид намуд, ки ҳукумати Амрико қасд дошт, ки дар сурати барканор нашудани ӯ ба Покистон фишор оварад.Сиёсатмадор ҳамчунин мӯътақид аст, ки ҳаҷми ришва барои овоздиҳӣ алайҳи ӯ 1 миллион долларро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20230316/islomobod-ba-khalilzod-pokiston-nieze-ba-didgoschi-shumo-nadorad-1055562136.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102988/38/1029883839_110:0:2841:2048_1920x0_80_0_0_5bab3e5b96faaa8c1ea49f9810f7d70b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зардорӣ имрон хон "террорист" афғон покистон паноҳ
зардорӣ имрон хон "террорист" афғон покистон паноҳ
Зардорӣ: Имрон Хон ҳазорон террористи афғонро дар Покистон паноҳ дод
10:19 30.03.2023 (Навсозишуда: 10:21 30.03.2023) Вазири хориҷаи Покистон гуфт, нахуствазири пешини ин кишвар ҳазорон террористро аз Афғонистон дар манотиқи қабиланишини Покистон ҷой додааст
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Билавал Бҳутто Зардорӣ, вазири умури хориҷаи Покистон, Имрон Хонро масъули нооромиҳои феълии иқтисодӣ ва мавҷи нави терроризм дар Покистон донист.
Номбурда ин нуктаро зимни суханронии худ дар порлумони ин кишвар изҳор доштааст, хабар медиҳанд расонаҳои покистонӣ.
Ба гуфтаи ӯ, терроризм, ки бо қурбонии артиш, пулис ва мардуми Покистон нобуд шуд, аз сӯи Имрон Хон дубора эҳё гардид.
"Имронхон ҳазорон террористу ифротгаро, ки дар Афғонистон ба сар мебурданд, баргардонида, дар манотиқи қабиланишин кӯч дод", - афзудааст, мавсуф.
Ин суханони Зардорӣ дар ҳоле садо медиҳанд, ки худи Покистон дар солҳои ахир ба ҳамкорӣ бо Толибон* муттаҳам мешавад.
Санаи 29 март Додгоҳи олии Исломобод низ бидуни қабули гарав барои Имрон Хон дар робита ба қазияи таҳдид ба як қозии зан ва як афсари пулиси покистонӣ дастури ҳабс содир кардааст.
Рӯзҳои ахир шаҳрвандони Покистон шоҳиди муноқишаҳои байни ҳукумат ва нахуствазири собиқи ин кишвар шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Хон дар моҳи апрели соли 2022 пас аз тасвиби раъйи нобоварии парлумони Покистон ба ӯ маҷбур шуд, ки истеъфо диҳад. Қаблан, рӯзи 24 феврал вай бо як сафари расмӣ вориди Маскав шуд.
Бино ба гузориши коршиносон, сабаби барканории наздикияш тайи солҳои ахир бо Маскав ва Пекин буд, ки он ба Аврупо ва Амрико хуш наёмад.
Собиқ сарвазири дар барканорияш ИМА-ро муттаҳам кард.
Ӯ дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии Sunday Times гуфт, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу гӯё ӯро аз хатари сарнагунии ногузир дар пешорӯи раъйдиҳии эътимод ҳушдор додааст.
Имрон Хон бо истинод ба ҳарфҳои Лу таъкид намуд, ки ҳукумати Амрико қасд дошт, ки дар сурати барканор нашудани ӯ ба Покистон фишор оварад.
Сиёсатмадор ҳамчунин мӯътақид аст, ки ҳаҷми ришва барои овоздиҳӣ алайҳи ӯ 1 миллион долларро ташкил додааст.