Куштори маъшуқа: шаш пулиси рус барои ҷинояти муҳоҷири тоҷик муҷозот шуданд

© Sputnik / Стас ЭтвешАвтомобиль полиции, архивное фото
Автомобиль полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2023
Обуна шудан
Прокуратура муайян кард, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ талаботи қонун дар бораи пулис ва қонуни федералии Русияро вайрон кардаанд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Додситонии Новосибирск пас аз куштори пурсадусадои духтари 17- сола аз сӯи шаҳрванди Тоҷикистон, шаш корманди пулисро муҷозот кард.
Дар ин бора "ТАСС" бо истинод ба Сергей Пустовой, додситони ноҳияи Советскии Новосибирск хабар дод.
"Прокуратура муайян кард, ки кормандони ъбаи корҳои дохилӣ талаботи қонун дар бораи милитсия, қонуни федеролӣ дар бораи асосҳои системаи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои Русияро нақз намудаанд. дар натиҷа шаш нафар кормандони милитсия ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд , - афзудааст ӯ.
Зикр гардид, ки ин кор дар сурати аз сӯи кормандони милитсия набурадани корҳои профилактикӣ бо нафари ҷиноятсодиркарда рух додааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли гузашта муҳоҷири 27 - солаи Тоҷикистон дар Новосибирск аз рӯи рашк маъшуқаи 17 - солаашро бо зарби 17 корд ваҳшиёна ба қатл расонд.
Дар Русия мехоҳанд ба далели куштори пурсарусадо назорат бар муҳоҷиронро пурзӯр кунанд
Маълум гардид, ки модари духтари марҳум се маротиба ба пулис муроҷиат карда, хабар додааст, ки ҷавон духтарашро таҳдид мекунад, вале ба доди ӯ ягон корманди ҳифзи ҳуқуқ расидагӣ накард.
Инак бо гузашти ҳашт моҳ, шаш корманди милитсия барои хунукназарӣ ва таъмин намкардани амнияти шаҳрванд ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0