https://sputnik.tj/20230330/kuban-jalb-muhojiron-soha-muhim-mahdud-1055871607.html
Кубан ҷалби муҳоҷиронро дар соҳаҳои муҳим маҳдуд мекунад
Кубан ҷалби муҳоҷиронро дар соҳаҳои муҳим маҳдуд мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти кишвари Краснодар ба додани патенти меҳнатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар баъзе соҳаҳои муҳим таваҷҷӯҳи махсус хоҳанд дод 30.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-30T21:00+0500
2023-03-30T21:00+0500
2023-03-30T21:00+0500
дар русия
кубани
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1e/1055865317_0:0:2599:1463_1920x0_80_0_0_b90e31a01515a7d2fecf907a03f0b366.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Губернатори Кубан Вениамин Кондратев дастур дод, ки ҷалби хориҷиён ба соҳаҳое, ки норасоии қувваи корӣ вуҷуд надорад, маҳдуд карда шавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти маъмурияти кишвари Краснодар. "Дар масъалаи муҳоҷирати корӣ бояд ба додани патент таваҷҷуҳи хоса дода шавад. Ҷалби хориҷиён ба он соҳаҳое, ки камбуди нерӯи корӣ вуҷуд надорад, маҳдуд карда шавад", -афзуд ӯ.Ба гуфтаи вай, аз аввали соли 2023 ҳудуди 70 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ сабти ном шуда, беш аз 4,6 ҳазор қонуншикании муҳоҷират ошкор шудааст. Дар соли 2022 муяссар шуд, ки бисёр ташкилотҳо ва кормандони онҳо “аз соя" бароварда шаванд.Дар натиҷа, даромади андоз аз ҳисоби ҷалби коргарони хориҷӣ ба буҷети вилоят 1,5 маротиба - то 2,7 млрд рубл афзоиш ёфт. Ин дафъа раиси Кубан таъкид кард, ки раҳбарони шаҳру вилоятҳо бояд донанд, ки муҳоҷирон дар куҷо зиндагӣ мекунанд ва чӣ кор мекунанд.Дар робита ба корфармоёне, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кор мегиранд, мавқеи шадидтари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зарур аст. Ба гуфтаи раиси вилоят, мақомот бояд собитқадам бошанд ва “мутахассисони худ, дастпарварони коллеҷу донишгоҳҳои Кубанро ба кор фаъолонатар ҷалб кунанд”.
кубани
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1e/1055865317_0:0:2519:1889_1920x0_80_0_0_794ad3e8daadf965d07824405ac7966b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, кубани, муҳоҷират
дар русия, кубани, муҳоҷират
Кубан ҷалби муҳоҷиронро дар соҳаҳои муҳим маҳдуд мекунад
Мақомоти кишвари Краснодар ба додани патенти меҳнатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар баъзе соҳаҳои муҳим таваҷҷӯҳи махсус хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Губернатори Кубан Вениамин Кондратев дастур дод, ки ҷалби хориҷиён ба соҳаҳое, ки норасоии қувваи корӣ вуҷуд надорад, маҳдуд карда шавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти маъмурияти кишвари Краснодар.
"Дар масъалаи муҳоҷирати корӣ бояд ба додани патент таваҷҷуҳи хоса дода шавад. Ҷалби хориҷиён ба он соҳаҳое, ки камбуди нерӯи корӣ вуҷуд надорад, маҳдуд карда шавад", -афзуд ӯ.
Ба гуфтаи вай, аз аввали соли 2023 ҳудуди 70 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ сабти ном шуда, беш аз 4,6 ҳазор қонуншикании муҳоҷират ошкор шудааст.
Дар соли 2022 муяссар шуд, ки бисёр ташкилотҳо ва кормандони онҳо “аз соя" бароварда шаванд.
Дар натиҷа, даромади андоз аз ҳисоби ҷалби коргарони хориҷӣ ба буҷети вилоят 1,5 маротиба - то 2,7 млрд рубл афзоиш ёфт. Ин дафъа раиси Кубан таъкид кард, ки раҳбарони шаҳру вилоятҳо бояд донанд, ки муҳоҷирон дар куҷо зиндагӣ мекунанд ва чӣ кор мекунанд.
Дар робита ба корфармоёне, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кор мегиранд, мавқеи шадидтари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зарур аст. Ба гуфтаи раиси вилоят, мақомот бояд собитқадам бошанд ва “мутахассисони худ, дастпарварони коллеҷу донишгоҳҳои Кубанро ба кор фаъолонатар ҷалб кунанд”.