https://sputnik.tj/20230330/bozdid-rahmon-guriston-uran-istiqlol-1055864227.html
Боздиди Раҳмон аз "гӯристони уран" дар Истиқлол
Боздиди Раҳмон аз "гӯристони уран" дар Истиқлол
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бо амалишавии лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ шинос шуд 30.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-30T18:27+0500
2023-03-30T18:27+0500
2023-03-30T18:27+0500
дар тоҷикистон
истиқлол
уран
эмомалӣ раҳмон
иҷтимоъ
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1e/1055864067_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_6185eedf10bfbcc403afddfbcd6ac475.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз шаҳри Истиқлол аз маҳалли нобудсозии "гӯристони уран" низ дидан кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.Бар хабари манбаъ, масоҳати умумии партовгоҳ 7,5 гектарро ташкил дода, ҳоло баландии он аз 65 то ба 30 метр паст фароварда шуда, ҳамзамон бо сангу шағал ва хок рӯйпӯш гардидааст.Ба роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ дар шаҳри Истиқлол дар чор қитъа амалӣ гардида, аллакай кор дар қитъаи якум пурра ба охир расида, дар қитъаи дуюм ҷараён дорад.Ин лоиҳа дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия амалӣ гардида, барои иҷрои корҳо 110 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.Маврид ба зикр аст, ки яке аз бузургтарин конҳои уран дар СССР "Табошар" дар наздикии шаҳри Табошар (Истиқлоли ҳозира)-и Тоҷикистон буд.Аз соли 1944 то соли 1965 дар он ҷо маъдани уран фаъолона истихроҷ карда мешуд.Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро “гӯристонҳои уран” ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Восторкредмед", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон - Чкалови пештара, дар қарни гузашта ба вуҷуд омада дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд.Аз теъдоди умумӣ, айни ҳол 3 партовгоҳи уран дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров дар шароити боз қарор доранд. Дар умум замини ин се партовгоҳ 200 гектар буда, дар онҳо ҳудуди 50 млн тон боқимондаҳои радиоактивӣ ҷойгир шудаанд.Бино ба арзёбии масъулони корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” барои рупӯш ва безараргардонии партовгоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон ҳудуди 70 млн евро зарур аст, ки тавони молии давлат ба он намерасад ва ниёз ба кумаки созмонҳои байналмилалӣ дорад.
https://sputnik.tj/20230203/guristoni-uran-istqilol-khokpush-hukumat-pul-1054678520.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1e/1055864067_108:0:1928:1365_1920x0_80_0_0_dc7558d39e2ca8c9baf7645e75cb57c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
уран раҳмон истиқлол
Боздиди Раҳмон аз "гӯристони уран" дар Истиқлол
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бо амалишавии лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз шаҳри Истиқлол аз маҳалли нобудсозии "гӯристони уран" низ дидан кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Бар хабари манбаъ, масоҳати умумии партовгоҳ 7,5 гектарро ташкил дода, ҳоло баландии он аз 65 то ба 30 метр паст фароварда шуда, ҳамзамон бо сангу шағал ва хок рӯйпӯш гардидааст.
Ба роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ дар шаҳри Истиқлол дар чор қитъа амалӣ гардида, аллакай кор дар қитъаи якум пурра ба охир расида, дар қитъаи дуюм ҷараён дорад.
“Корҳои безараргардонӣ дар қитъаҳои 3-юм ва 4-уми партовгоҳ нимаи дуюми моҳи апрел оғоз гардида, дар охири моҳи майи соли 2023 ба анҷом мерасанд”, - омадааст ар хабарнома.
Ин лоиҳа дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия амалӣ гардида, барои иҷрои корҳо 110 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз бузургтарин конҳои уран дар СССР "Табошар" дар наздикии шаҳри Табошар (Истиқлоли ҳозира)-и Тоҷикистон буд.
Аз соли 1944 то соли 1965 дар он ҷо маъдани уран фаъолона истихроҷ карда мешуд.
Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро “гӯристонҳои уран” ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Восторкредмед", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон - Чкалови пештара, дар қарни гузашта ба вуҷуд омада дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд.
Аз теъдоди умумӣ, айни ҳол 3 партовгоҳи уран дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров дар шароити боз қарор доранд. Дар умум замини ин се партовгоҳ 200 гектар буда, дар онҳо ҳудуди 50 млн тон боқимондаҳои радиоактивӣ ҷойгир шудаанд.
Бино ба арзёбии масъулони корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” барои рупӯш ва безараргардонии партовгоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон ҳудуди 70 млн евро зарур аст, ки тавони молии давлат ба он намерасад ва ниёз ба кумаки созмонҳои байналмилалӣ дорад.