Пешниҳоди додани шаҳрвандии Русия дар консулгариҳо дар хориҷи кишвар

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкРоссийский паспорт
Российский паспорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2023
Обуна шудан
Таъкид шудаст, ки феълан довталабони шаҳрвандии Русияро зарур меояд, ки ба қаламрави кишвар оянд, ки на ҳамеша барои довталабу ниҳодҳои давлатӣ қулай аст
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Дар Федератсияи Русия пешниҳод карда шуд, ки шиносномаҳои кишвар дар консулгариҳои хориҷӣ ба довталабон дода шаванд.
Ин нуктаро ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Русия, Татяна Москалкова дар суҳбат бо РИА "Новости" пешниҳод кардааст.
Ҳоло барои дарёфти шиносномаи шаҳрванди Русия довталаб бояд ба кишвар омада, шахсан ба шӯъбаи мақомоти умури дохилӣ ё Маркази сершуғли муҳоҷират муроҷиат кунад, зикр намуд ваколатдор.
Вай таъкид намуд, ки ин на ҳамеша ҳам барои довталаб ва ҳам ниҳодҳои давлатӣ қулай аст.
"Якум ин ки ҳоло таъминоти логистика вайрон шудааст ва дуюм ин хеле гарон аст. Мо ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кардем, то ин масъаларо дар онҷо, бевосита дар консулгариҳои худ баррасӣ кунем", - илова намуд ӯ.
Паспорт гражданина Российской Федерации. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Дар Русия барои издивоҷи қалбакӣ аз шаҳрвандӣ маҳрум намуданашон мумкин аст
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрванди хориҷӣ табааияти Русияро ба даст овардаанд.
Дар соли 2022 зиёда аз 173 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русиягӣ гирифтаанд. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Русия, теъдоди тоҷикистониҳое, ки соли 2022 ба шаҳрвандии ФР қабул гардиданд, дар муқоиса бо нишондоди соли пешӣ 70 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Аз ҳама зиёд дар соли гузашта шаҳрвандии Русияро украиниҳо соҳиб гардидаанд. Ба иттилои ВУД Русия теъдоди шаҳрвандигирии украиниҳо дар муқоиса бо соли 2021 коҳиш коҳиш ёфта, дар соли 2022 ба 297 ҳазор нафар баробар шудааст.
Тоҷикистониҳо дар соли 2022 аз рӯи шумора баъди Украина дар ҷойи дуюм қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0