Мақомот: мизоҷони зани сабукпой дар Суғд гирифтори СПИД шудаанд

© Pixabay / Free-PhotosКровать, архивное фото
Кровать, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2023
Обуна шудан
Сокини Конибодом дар он муттаҳам мешавад, ки бо вуҷуди огоҳӣ аз гирифторияш ба бемории сироятӣ, дидаю дониста ба фоҳишагарӣ машғул будааст
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Дар Конибодом як зани 46-сола 11 мардро гирифтори вируси норасоии масунияти одам - ВНМО кардаст.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ин зан мариз будани худро медонист.
Таъкид шудааст, ки муттаҳам бо вуҷуди гирифторияш ба бемории сироятӣ дар давоми солҳои 2021-2022 ба фоҳишагӣ машғул шуда, дар ин муддат 11 мардро гирифтори вируси норасоии масунияти одам намудааст.
Номбурда ҳоло дар боздошт қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Свадебный букет и туфли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Аввал табобат, баъд тӯй: ташхиси пеш аз издивоҷ беморони рӯҳӣ ва СПИД-ро ошкор кардааст
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта дар Тоҷикистон нисбати 10 нафар барои дидаю дониста олуда кардани афроди дигар бо вируси норасоии масунияти одам парвандаи ҷиноӣ боз гардида буд.
Дар ин бора вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода иттилоъ дода, афзуд, ки муттаҳамон огоҳона 86 нафари дигарро ба вируси норасоии масунияти одам мубтало кардаанд.
Моддаи 125-и Кодекси ҷиноӣ барои таҳти хавфи сироят бо ВНМО гузоштани шахси дигар то 2 соли зиндон, барои мубтало кардан аз 2 то 5 сол, барои сирояти 2 ё зиёда ва шахси ноболиғ аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-декабри соли 2022-юм 1037 ҳолати сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда дар соли 2021 ба 922 нафар баробар буд.
Лентаи хабарҳо
0