https://sputnik.tj/20230329/makon-zamoni-basta-shudani-rohho-viloyati-sugd-1055816232.html
Макон ва замони баста шудани роҳҳо дар вилояти Суғд
Макон ва замони баста шудани роҳҳо дар вилояти Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Дар робита ба роҳбандиҳо, ки дар пайи сафари раисҷумҳури кишвар ба Суғд сурат мегирад, аз ронандагон даъват шудааст, ки аз роҳҳои шафатӣ истифода кунанд
2023-03-29T09:46+0500
2023-03-29T09:46+0500
2023-03-29T09:46+0500
тасвирбаён
басташавии роҳ
хуҷанд
суғд
наврӯз
раисҷумҳур
бда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1c/1055814612_1:0:1281:720_1920x0_80_0_0_6ba61f4daf2c2ca097a87870f5dd71d6.png
Раёсати БДА дар Суғд бо нашри хабари расмӣ аз муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе роҳҳои ҳудуди вилоят огоҳ намудааст.Бино ба иттилои дарёфтӣ, басташавии роҳҳо аз 29 март оғоз шуда то рӯзи 1 апрел давом хоҳад кард.БДА дар шарҳи эълони худ гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо ташрифи меҳмонони олимақом ба шаҳру навоҳии Суғд дар назар дошта шуда ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва мушоияти қатораи воситаҳои нақлиёт бо меҳмонон ба зиммаи онҳо вогузор карда шудааст.29 март, кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи Гулистон – Хуҷанд то Боғи миллӣ;Санаи 30 март бошад, кӯчаҳои марказии шаҳри Истиқлол, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои ба номи И. Сомонӣ, то Р. Ҳоҷиев (Раҳимӣ) дар шаҳри Хуҷанд;Рӯзи 31 март, аз деҳаи Ҳаштяки ноҳияи Спитамен то ҷамоати деҳоти Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод;Якуми апрел кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, Хуҷанд – Конибодом то гардиши ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи Конибодом – Деҳмой аз ҷамоти Исфисор то Деҳмой, роҳи автомобилгарди Овчӣ Қалъача, деҳаи Навободи ҷамоати Ғозиён,Ҳамчунин дар ин рӯз аз Деҳмой то ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, купруки ҷашнии маҳаллаи Сартуқай то маҳаллаи 3, кӯчаҳои Р. Ҳоҷиев, И. Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Ҷ. Зокири шаҳри Хуҷанд, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон баста шуда ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад.
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1c/1055814612_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_d0724e42e34b717df87f0f4a02003389.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, макон, суғд, роҳ тасвирбаён, роҳбандӣ, ронандагон
тоҷикистон, макон, суғд, роҳ тасвирбаён, роҳбандӣ, ронандагон
Макон ва замони баста шудани роҳҳо дар вилояти Суғд
Дар робита ба роҳбандиҳо, ки дар пайи сафари раисҷумҳури кишвар ба Суғд сурат мегирад, аз ронандагон даъват шудааст, ки аз роҳҳои шафатӣ истифода кунанд
Раёсати БДА дар Суғд бо нашри хабари расмӣ аз муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе роҳҳои ҳудуди вилоят огоҳ намудааст.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, басташавии роҳҳо аз 29 март оғоз шуда то рӯзи 1 апрел давом хоҳад кард.
БДА дар шарҳи эълони худ гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо ташрифи меҳмонони олимақом ба шаҳру навоҳии Суғд дар назар дошта шуда ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва мушоияти қатораи воситаҳои нақлиёт бо меҳмонон ба зиммаи онҳо вогузор карда шудааст.
29 март, кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи Гулистон – Хуҷанд то Боғи миллӣ;
Санаи 30 март бошад, кӯчаҳои марказии шаҳри Истиқлол, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои ба номи И. Сомонӣ, то Р. Ҳоҷиев (Раҳимӣ) дар шаҳри Хуҷанд;
Рӯзи 31 март, аз деҳаи Ҳаштяки ноҳияи Спитамен то ҷамоати деҳоти Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод;
Якуми апрел кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, Хуҷанд – Конибодом то гардиши ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи Конибодом – Деҳмой аз ҷамоти Исфисор то Деҳмой, роҳи автомобилгарди Овчӣ Қалъача, деҳаи Навободи ҷамоати Ғозиён,
Ҳамчунин дар ин рӯз аз Деҳмой то ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, купруки ҷашнии маҳаллаи Сартуқай то маҳаллаи 3, кӯчаҳои Р. Ҳоҷиев, И. Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Ҷ. Зокири шаҳри Хуҷанд, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон баста шуда ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад.