Миёни қурбониёни садамаи мудҳиш дар Арабистони Саудӣ зоирини тоҷик нестанд

© Ministry of MediaПаломники гуляют вокруг Каббы в Большой мечети в городе Мекка
Паломники гуляют вокруг Каббы в Большой мечети в городе Мекка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Миёни захмиёну қурбониёни садамаи мудҳиш дар Арабистони Саудӣ зоирини тоҷик нестанд.
Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Шаҳвандони мо барои расидан ба Макка одатан аз ҳавопаймо истифода мекунанд", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки дар Арабистони Саудӣ бо автобусе рух дод, ки зоирин ба сӯи Макка мерафтанд.
Ба гузориши хабаргузории ArabNews, дар натиҷаи ин ҳодиса 20 нафар кушта ва 29 тани дигар захмӣ шудаанд.
Фоҷиа рӯзи 27 март тахминан соати 16:00 дар вилояти Асир рух додааст. Автобус бо ҳоҷиён аз Хамис Мушаит баромада, ба сӯи Абҳо ҳаракат мекард.
Хабаргузории ArabNews гузориш медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 20 нафар кушта ва 29 тани дигар захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки фоҷиа рӯзи 27 март тахминан соати 16:00 дар вилояти Асир рух додааст. Автобус бо ҳоҷиён аз Хамис Мушаит баромада, ба сӯи Абҳо ҳаракат мекард.
Тибқи баъзе хабарҳо, сабаби садама корношоямии системаи тормози нақлиёт будааст, ки дар натиҷа ронанда идораро аз даст дода, ба девори пул бархӯрдааст ва дар натиҷа автобус чаппа шуда, оташ гирифтааст.
Шабакаи телевизионии Al Arabiya бошад, бо такя ба манобеъаш менависад, ки мумкин аст, шумори қурбониён афзоиш ёбад. Дар миёни зоирон шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва сокинони кишварҳои дигар низ буданд.
Лентаи хабарҳо
0