https://sputnik.tj/20230328/bokhtar-gul-gulbutta-shinonida-1055814888.html
Дар шаҳри Бохтар наздик ба 1,5 млн гулу гулбутта шинонида шудааст
Дар шаҳри Бохтар наздик ба 1,5 млн гулу гулбутта шинонида шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар шаҳри Бохтар фестивали гулҳо “Сайри гули лола” бо шукуҳу шаҳомат баргузор гардид
2023-03-28T20:59+0500
2023-03-28T20:59+0500
2023-03-28T20:59+0500
дар тоҷикистон
хатлон
фестивал
ҷашни "сайри лола"
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1c/1055814268_0:204:2048:1356_1920x0_80_0_0_f0eb24d1657269046dd7bde476f8bb72.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар фестивали “Сайри гули лола” масъулон аз намоишгоҳи оростаи намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар дидан намуда, ба ҳунари иштирокдорон баҳои баланд доданд, иттилоъ доааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Тибқи иттилои масъулин дар шаҳри Бохтар зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор гулу гулбутта шинонида шудааст, ки аз инҳо 495 ҳазор гули лола, 291 ҳазор гули садбарг ва 627 ҳазор гулҳои мавсимӣ мебошанд.Зикр гардид, ки лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаи фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд.Лозим ба ёдоварист, ки фестивали мазкур дар доираи дастуру супоришҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вусъат додани ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату шаҳраку даҳот, маҳаллаҳо баргузор мегардад.Инчунин ин фестивал барои ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои кабудизоркунию хуррамгардонӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагӣ, ҳифзи муҳити зист ва бунёд намудани гулгаштҳо ташкил карда мешавад.
https://sputnik.tj/20230315/dushanbe-istiqbol-navruz-millionho-lola-1055531779.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1c/1055814268_44:0:2012:1476_1920x0_80_0_0_b5f495356c28f2ded0052129e8dc93c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бохтар, фестивал, гулу гулбутта, фестивали гулҳо “сайри гули лола”
тоҷикистон, бохтар, фестивал, гулу гулбутта, фестивали гулҳо “сайри гули лола”
Дар шаҳри Бохтар наздик ба 1,5 млн гулу гулбутта шинонида шудааст
Мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар шаҳри Бохтар фестивали гулҳо “Сайри гули лола” бо шукуҳу шаҳомат баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар фестивали “Сайри гули лола” масъулон аз намоишгоҳи оростаи намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар дидан намуда, ба ҳунари иштирокдорон баҳои баланд доданд, иттилоъ доааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои масъулин дар шаҳри Бохтар зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор гулу гулбутта шинонида шудааст, ки аз инҳо 495 ҳазор гули лола, 291 ҳазор гули садбарг ва 627 ҳазор гулҳои мавсимӣ мебошанд.
Зикр гардид, ки лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаи фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки фестивали мазкур дар доираи дастуру супоришҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вусъат додани ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату шаҳраку даҳот, маҳаллаҳо баргузор мегардад.
Инчунин ин фестивал барои ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои кабудизоркунию хуррамгардонӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагӣ, ҳифзи муҳити зист ва бунёд намудани гулгаштҳо ташкил карда мешавад.