https://sputnik.tj/20230328/afzoishi-sodirot-naft-rusiya-hinduston-1055815582.html
Афзоиши содироти нафти Русия ба Ҳиндустон
Афзоиши содироти нафти Русия ба Ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
Содироти нафт аз Русия дар соли гузашта 7,6% афзоиш ёфт. Ҳамин тавр содироти нафт ба кишварҳои дӯст бештар аз 240 млн тонаро ташкил додааст
2023-03-28T21:25+0500
2023-03-28T21:25+0500
2023-03-28T21:25+0500
русия
дар русия
энергетика
нафт
содирот
ҳиндустон
александр новак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0a/1048325970_0:100:3283:1947_1920x0_80_0_0_c13663c3d8f0d9adc5e047798ebb12ce.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Аксари захираҳои энержии Русия аллакай ба бозорҳои кишварҳои дӯст равона карда шудаанд.Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Александр Новак зимни ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои Вазорати энергетикаи Русия хабар дод.Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, содироти нафт ба Ҳиндустон ба мротиб афзоиш ёфтааст."Агар, барои мисол содироти нафт ба Хиндустон гирем, танҳо дар соли гузашта 22 баробар афзоиш ёфтааст. Ин натиҷаи кори зиёдест, ки дар саноат ба ҷо оварда шудааст, — гуфт вай.Новак дар бораи аҳамияти Русия бар густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таъкид кард.Илова бар ин, муовини сарвазири Русия ба омори Вазорати энергетика истинод кард, ва гуфт бар асоси он содироти нафт аз Русия дар соли 2022 7,6% афзоиш ёфтааст. Ҳоло он ба 242,2 миллион тонна мерасад.Ба гуфтаи ӯ, Русия низ истихроҷи нафтро афзоиш додааст. Ҳамин тавр, он 2 фоиз афзуда, дар як сол 535,1 миллион тоннаро ташкил медихад.Қаблан Reuters бо такя ба омори Агентии Байналмилалии Энержӣ гуфта буд, ки тақрибан сеяки тамоми содироти маводи сӯхт аз Русия ба Ҳиндустон рост меояд.Ёдовар мешавем, ки 5 декабр Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ҷори кардани ҳадди ниҳоии нархи нафти Русия эълон кард. Тибқи ин тасмим нархи як бушка нафт бештар аз 60 доллар фурӯхта намешавад.Дар охири моҳи декабр раисиҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро дар бораи татбиқи чораҳои ҷавобии иқтисодӣ барои ҷорӣ кардани ҳадди ниҳоии нархи нафти Русия имзо кард.Тибқи фармони кишвардори Русия интиқоли тиллои сиёҳро ба кишварҳое қатъ мекунад, ки ҳадди ниҳоии нархро ҷонибдорӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20230102/korshinos-ima-had-qimat-naft-rusiya-1053969582.html
русия
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0a/1048325970_276:0:3007:2048_1920x0_80_0_0_5520c9831fea2c324b1b3612cdbacf47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ҳиндустон, содирот, нафт, афзоиш, кишварҳои дӯст
русия, ҳиндустон, содирот, нафт, афзоиш, кишварҳои дӯст
Афзоиши содироти нафти Русия ба Ҳиндустон
Содироти нафт аз Русия дар соли гузашта 7,6% афзоиш ёфт. Ҳамин тавр содироти нафт ба кишварҳои дӯст бештар аз 240 млн тонаро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Аксари захираҳои энержии Русия аллакай ба бозорҳои кишварҳои дӯст равона карда шудаанд.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Александр Новак зимни ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои Вазорати энергетикаи Русия хабар дод.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, содироти нафт ба Ҳиндустон ба мротиб афзоиш ёфтааст.
"Агар, барои мисол содироти нафт ба Хиндустон гирем, танҳо дар соли гузашта 22 баробар афзоиш ёфтааст. Ин натиҷаи кори зиёдест, ки дар саноат ба ҷо оварда шудааст, — гуфт вай.
Новак дар бораи аҳамияти Русия бар густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таъкид кард.
Илова бар ин, муовини сарвазири Русия ба омори Вазорати энергетика истинод кард, ва гуфт бар асоси он содироти нафт аз Русия дар соли 2022 7,6% афзоиш ёфтааст. Ҳоло он ба 242,2 миллион тонна мерасад.
Ба гуфтаи ӯ, Русия низ истихроҷи нафтро афзоиш додааст. Ҳамин тавр, он 2 фоиз афзуда, дар як сол 535,1 миллион тоннаро ташкил медихад.
Қаблан Reuters бо такя ба омори Агентии Байналмилалии Энержӣ гуфта буд, ки тақрибан сеяки тамоми содироти маводи сӯхт аз Русия ба Ҳиндустон рост меояд.
Ёдовар мешавем, ки 5 декабр Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ҷори кардани ҳадди ниҳоии нархи нафти Русия эълон кард. Тибқи ин тасмим нархи як бушка нафт бештар аз 60 доллар фурӯхта намешавад.
Дар охири моҳи декабр раисиҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро дар бораи татбиқи чораҳои ҷавобии иқтисодӣ барои ҷорӣ кардани ҳадди ниҳоии нархи нафти Русия имзо кард.
Тибқи фармони кишвардори Русия интиқоли тиллои сиёҳро ба кишварҳое қатъ мекунад, ки ҳадди ниҳоии нархро ҷонибдорӣ мекунанд.