Ҳушдори ҳукумати толибҳо аз эҳтимоли вуқуъи селоб дар 21 вилояти Афғонистон

© AP / SUZANNE PLUNKETTДети в Афганистане бегут по самодельному мосту после землетрясения, архифное фото
Дети в Афганистане бегут по самодельному мосту после землетрясения, архифное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Обуна шудан
Давлати муваққати Толибҳо, ки чанде пеш аз хисороти сангини заминларзаву селоб хабар дода буд, боз аз эҳтимоли вуқуъи селоб дар 21 вилояти Афғонистон ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бориши шадиди борону барф ва ҷорӣ шудани сел дар Афғонистон дар рӯзҳои ахир хисороти ҷонӣ ва молии зиёде барҷой гузоштааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”
Ба иттилои ин расона, манобеи огоҳ дар Афғонистон барои дуюмин бор дар рӯзҳои ахир дар мавриди вуқуъи сел дар манотиқи васеъе дар ин кишвар ҳушдор додаанд.
Равобити умумии Вазорати энержӣ ва оби давлати муваққати Толибон ахиран дар мавриди эҳтимоли вуқуъи селобҳои ногаҳонӣ дар бархе аз вилоятҳо ҳушдор додааст.
Аз сокинони ин вилоятҳо дархост шудааст аз наздик шудан ба канори рӯдхонаҳо худдорӣ кунанд.
Последствия землетрясения в афганской провинции Хост - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Хисороти сангини сел дар Афғонистон
Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти феълии Афғонистон хабар дода буд, ки Селоб дар чандин вилояти Афғонистон хисороти сангине барҷой гузошта ва мардумро дар таҳияи ғизо ва об бо мушкил рӯ ба рӯ кард.
Cел дар аввалин рӯзҳои соли ҷадиди хуршедӣ дар вилоятҳои Балх, Зобул, Урузгон, Қандаҳор ва бархе аз вилоятҳои дигари Афғонистони хисороти сангине барҷой гузоштааст.
Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда дар пайи сарозер шудани селобҳо дар ду рӯзи гузашта, даст кам 300 хона дар Балхи вайрон ва ба беш аз се ҳазор ҷариби замини зироатӣ дар ин вилояти тахриб шудааст.
Инчунин ахиран вазорати мубориза бо ҳаводиси табии Афғонистон аз тахриби беш аз 1500 хона бар асари сел ва заминларза чанд рӯзи гузашта дар ин кишвар хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0