Тоҷикистон ҳамаи қарздоронро дубора ҳисоб мекунад

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2023
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи санадеро тасвиб кард, ки дар он феҳристи ҳамаи қарздорон - шахсони воқеӣ ва ҳамчунин ниҳодҳои давлатӣ дарҷ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки “Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон” таъсис диҳанд.
Феълан аз сӯи ҳукумати мамлакат ҳуҷҷати дахлдор дар бораи тартиби додани рӯйхат тасдиқ гардидаас, хабар медиҳад Вазорати адлия.
Ҳуҷҷат ба хотири "ҳалли қарз ва пешгирӣ аз оқибатҳои манфии он" таҳия шудааст. Зимнан зикр мегардад, ки ба ин рӯйхат шахсоне дохил карда мешаванд, ки дар давоми се моҳ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ин қарорҳо ба пардохти маблағи бо қарори суд аз онҳо ситонидашуда шурӯъ накардаанд.
Ин қонун ба қарзҳои на танҳо шахсони алоҳида, балки ниҳодҳои давлатӣ низ дахл хоҳад кард.
Пресс-конференция Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2023
Ҷустуҷӯи 398 нафар барои пардохт накардани алимент дар Тоҷикистон
Маълумоте, ки ба рӯихат ворид карда шудааст, маълумоти шахсии шаҳрвандон, маълумот дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, маълумот оид ба парвандаҳои иҷроия ва қарорҳои суд, маълумот оид ба маблағҳои руёндашаванда, маълумот дар бораи баргардонидани онҳо, инчунин маълумот дар бораи ситонидани қарзҳо дохил мешаванд.
Рӯйхат дар шакли коғазӣ ва электронӣ пеш бурда мешавад ва ин вазифаро Хадамоти иҷроияи назди ҳукумати Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.
Лентаи хабарҳо
0