https://sputnik.tj/20230325/kumak-navbati-bashardustona-vmkb-taqsim-1055757401.html
Кумаки навбатии башардӯстона дар ВМКБ тақсим шуд
Кумаки навбатии башардӯстона дар ВМКБ тақсим шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон ба ВМКБ кумакҳои навбатии башардӯстона интиқол ва ба нуҳ сокини аз тармафароӣ зарардида тақсим шуд 25.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-25T19:30+0500
2023-03-25T19:30+0500
2023-03-25T19:30+0500
дар тоҷикистон
вмкб
кӯмак
хоруғ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/19/1055755250_0:0:800:450_1920x0_80_0_0_19e78441787996fd8558713c0508344d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, ки аз офати табиӣ осеб дидаанд, кумакҳои башардӯстона дарёфт карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар дод.Ҳамин тариқ, ба шаҳрвандон масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла 45 тонна семент, 56, 09 метр мукааб чӯбу тахта, 9 дари оҳанӣ, 38,7 метри мураббаъ дарҳои пластикӣ, 72 тирезаи пластикӣ, 171 кг мехи сохтмонӣ тақсим карда шуд. Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, ки нисбати сокинони бар асари тармаи харобиовар ғамхорӣ кунанд. Ёдовар мешавем, ки дар давраи аз 15 то 19-уми феврал тибқи маълумоти КҲФ дар қаламрави Тоҷикистон 200 маротиба резиши тарма, 7 ярч ва 6 маротиба резиши санг ба қайд гирифта шудааст. Бар асари офатҳои табиӣ 19 нафар ба ҳалокат расиданд. Аз ҳама беш дар шаҳри Хоруғ талафоти ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуд.Манзилу иншоотҳои муҳими чандин сокини ин шаҳр дар пайи фаромадани тарма тахриб шуданд.
https://sputnik.tj/20230221/rasulzoda-khorugh-zarardidagon-khona-istiqomati-1055078938.html
вмкб
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/19/1055755250_100:0:700:450_1920x0_80_0_0_f55eaaceafc842007210146d14dab932.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вмкб, кӯмак, хоруғ, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, вмкб, кӯмак, хоруғ, иҷтимоъ
Кумаки навбатии башардӯстона дар ВМКБ тақсим шуд
Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон ба ВМКБ кумакҳои навбатии башардӯстона интиқол ва ба нуҳ сокини аз тармафароӣ зарардида тақсим шуд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, ки аз офати табиӣ осеб дидаанд, кумакҳои башардӯстона дарёфт карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар дод.
"Ба нуҳ сокини шаҳри Хоруғ, ки аз тармафароӣ осеб дидан, ёрии зарурӣ расонида шуд", - омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.
Ҳамин тариқ, ба шаҳрвандон масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла 45 тонна семент, 56, 09 метр мукааб чӯбу тахта, 9 дари оҳанӣ, 38,7 метри мураббаъ дарҳои пластикӣ, 72 тирезаи пластикӣ, 171 кг мехи сохтмонӣ тақсим карда шуд.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, ки нисбати сокинони бар асари тармаи харобиовар ғамхорӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар давраи аз 15 то 19-уми феврал тибқи маълумоти КҲФ дар қаламрави Тоҷикистон 200 маротиба резиши тарма, 7 ярч ва 6 маротиба резиши санг ба қайд гирифта шудааст.
Бар асари офатҳои табиӣ 19 нафар ба ҳалокат расиданд. Аз ҳама беш дар шаҳри Хоруғ талафоти ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуд.
Манзилу иншоотҳои муҳими чандин сокини ин шаҳр дар пайи фаромадани тарма тахриб шуданд.