https://sputnik.tj/20230324/tojikiston-chormaghzi-zaminivu-oftobparast-mekorand-1055735496.html
Дар Тоҷикистон бештар чормағзи заминиву офтобпараст мекоранд
Дар Тоҷикистон бештар чормағзи заминиву офтобпараст мекоранд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон дар зери заминҳои офтобпараст, зағир, рапс ва арахис (чормағзи заминӣ), кунҷит 26,9 гектар замин ҷудо карда шудааст
2023-03-24T15:17+0500
2023-03-24T15:17+0500
2023-03-24T15:17+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
чормағз
хоҷагии қишлоқ
ғизо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/18/1055732493_0:113:1200:788_1920x0_80_0_0_ac64b9a4504b0459647e99c3abb734ad.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар саҳроҳои хоҷагии қишлоқи Точикистон қариб 27 ҳазор гектар зироатҳои равғандор кошта мешавад. Чунин нақшаҳо барои соли 2023 аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ эълон карда шуданд. Ҳамин тариқ, соли ҷорӣ барои кишти офтобпараст, зағир, рапс ва арахис (чормағзи заминӣ), кунҷит 26,9 гектар замин ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли 2022 1,4 гектар зиёд аст. Бояд гуфт, ки деҳқонони ҷумҳурӣ соли гузашта 41,7 тонна ин навъи зироат истехсол карда буданд. Ба гуфтаи коршиноси Пажуҳишгоҳи кишоварзӣ, доктори илм Назрулло Тошалиев, донаи онҳо аз 30 то 60% равған дорад. "Аҳамияти зироати равғандор дар он аст, ки донаш барои истеҳсоли равған, инчунин хӯроки парранда, барги он барои хӯроки чорво ва инчунин барои баланд бардоштани ҳосилхезии замин васеъ истифода мешавад", - гуфт ӯ. Ба андешаи мавсуф, яке аз сабабҳои коҳиши ҳосили зироат дар солҳои ахир тағйири иқлим аст. Қаблан сарони вазоратҳои кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон масоили амнияти ғизоиро баррасӣ карда буданд. Коршиносон қайд карданд, ки тағирёбии иқлим ба амалияҳои анъанавии кишоварзӣ ислоҳот ворид мекунад.
https://sputnik.tj/20230319/barrasi-tavsea-hamkori-kishovarzi-tojikiston-eron-1055617648.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/18/1055732493_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_7b693ed4036109d5d48b9b2242ef5868.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
точикистон чормағз офтобпараст киштукор
точикистон чормағз офтобпараст киштукор
Дар Тоҷикистон бештар чормағзи заминиву офтобпараст мекоранд
Дар Тоҷикистон дар зери заминҳои офтобпараст, зағир, рапс ва арахис (чормағзи заминӣ), кунҷит 26,9 гектар замин ҷудо карда шудааст
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар саҳроҳои хоҷагии қишлоқи Точикистон қариб 27 ҳазор гектар зироатҳои равғандор кошта мешавад.
Чунин нақшаҳо барои соли 2023 аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ эълон карда шуданд.
Ҳамин тариқ, соли ҷорӣ барои кишти офтобпараст, зағир, рапс ва арахис (чормағзи заминӣ), кунҷит 26,9 гектар замин ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли 2022 1,4 гектар зиёд аст.
Бояд гуфт, ки деҳқонони ҷумҳурӣ соли гузашта 41,7 тонна ин навъи зироат истехсол карда буданд.
Ба гуфтаи коршиноси Пажуҳишгоҳи кишоварзӣ, доктори илм Назрулло Тошалиев, донаи онҳо аз 30 то 60% равған дорад.
"Аҳамияти зироати равғандор дар он аст, ки донаш барои истеҳсоли равған, инчунин хӯроки парранда, барги он барои хӯроки чорво ва инчунин барои баланд бардоштани ҳосилхезии замин васеъ истифода мешавад", - гуфт ӯ.
Ба андешаи мавсуф, яке аз сабабҳои коҳиши ҳосили зироат дар солҳои ахир тағйири иқлим аст.
Қаблан сарони вазоратҳои кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон масоили амнияти ғизоиро баррасӣ карда буданд.
Коршиносон қайд карданд, ки тағирёбии иқлим ба амалияҳои анъанавии кишоварзӣ ислоҳот ворид мекунад.