Роналду дар бозӣ бо Лихтенштейн рекорди нав гузошт

© Sputnik / Grigory Sysoev / Гузариш ба медиабонкИгрок сборной Португалии Криштиану Роналду празднует гол в матче группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Португалии и Уругвая
Игрок сборной Португалии Криштиану Роналду празднует гол в матче группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Португалии и Уругвая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2023
Обуна шудан
Мунтахаби Лихтенштейн 47-умин тими миллӣ шуд, ки Роналду дар давоми фаъолияташ дар ҳайати тими миллии Португалия ба муқобили он гол зад
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Ҳамлагари Португалия Криштиану Роналду дар таърихи футболи ҷаҳон рекорди аз ҳама зиёди бозӣ дар тими миллиро гузошт, хабар медиҳад Sputnik.
Португалиҳо бозии даври аввали мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Аврупо-2024-ро бар тими Лихтенштейнро бо ҳисоби 4:0 бурд карданд.
Дар бозӣ дубли Криштиану Роналду (дақиқаи 51-ум – пеналтӣ, 63), як голии Хуан Кансело (8) ва Бернарду Силва (47) пирӯзии мутлақро барои мунтахаби Португалия фароҳам кард.

Рекордҳои Роналду

Ҳамлагари 38-сола аз рӯи бозӣ рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта, дар рақобат бар дастаи "Бадр ал-Мутава"-и Қувайт пирӯз шуд.
Товарищеский матч Россия - Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2023
Мунтахаби футболи Русия бозиро бо тими Эрон низ мусовӣ кард
Ин бозӣ барои Роналду 197-умин бозӣ дар тими миллии Португалия буд.
Илова бар ин, ӯ ҳоло дар ҳайати мунтахаби миллӣ 120 гол дорад, ки 100-тоаш дар бозиҳои расмӣ зада шудаанд - ин ҳам рекорди ҷаҳонӣ мебошад.
Зимнан, Роналду 20 сол паиҳам дар тими миллии Португалия гол мезанад. Бори аввал ӯ аз ҳайати португалиҳо дар Евро-2004 12 июн дар бозӣ бо Юнон (1:2) ном бурда шуд.
Дар бозии навбатӣ португалиҳо 26 март дар меҳмонӣ бо тими Люксембург бозӣ хоҳанд кард, Лихтенштейнҳо бошад, ҳамон рӯз дар майдони худ Исландияро қабул мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0