КҲФ хисороти зилзила дар водии Рашрто гуфт

© пресс-центра КЧСПоврежденные строения из-за землетрясения
Поврежденные строения из-за землетрясения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Мақомот зарари зилзилаи шадиди ахир, ки марказаш дар шимоли Тоҷикистон, ноҳияи Мастчоҳи куҳӣ буд, харобкориҳояш ба водии Рашт низ расид, муаян кардаанд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Бар асари заминларзаи рӯзи 23 март дар навоҳҳи Рашту Нурободу Сангвор низ 40 бино осеб дидааст.
Дар ин бора сухангӯи КҲФ Умеда Юсуфӣ ба @Sputnik_Tajikistan хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бар асари ин ҳодиса дар 27 бинои истиқоматӣ дар деҳаҳои Порвоғ, Дуоба, Саридашт ва Такобаи ноҳияи Рашт тарқиши деворҳо ошкор шудааст.
Ҳамчунин, дар деҳаи Тегирми ноҳияи Нуробод 2 бинои истиқоматӣ хисороти ҷиддӣ дида, 10 манзил, 1 мактаб ва бинои мақомоти ноҳия қисман хисорот дидаанд.
Дар ноҳияи Сангвор дар деҳаи Фаркинг 1 манзил қисман зарар дида, хушбахтона дар ин манотиқ касе осеб надидааст, афзуд манбаъ.
Поврежденные строения из-за землетрясения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2023
Афзоиши теъдоди захмиёни заминларза дар Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки ҳоло ҳаҷми зарар аз тарафи комиссияи ҷумҳуриявӣ ҳисоб карда мешавад.
27 бинои истиқоматӣ дар деҳаҳои Порвоғ, Дуоба, Саридашт ва Такобаи ҷамоати деҳоти Такобаи ноҳияи Рашт хисороти қисман (тарқишҳои деворҳо) ошкор шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки шаби 22 ба 23 март, тақрибан соати 01:07 дақиқа заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод, ки марказаш деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд.
Қувваи заминларза дар маркази заминларза 5-6 балл, дар ноҳияи Рашт 4-5 балл, дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил додааст.
Лентаи хабарҳо
0