Эрдуғон Раҳмонро ба Наврӯз табрик кард

© AFP 2023 / MURAT CETIN MUHURDARПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2023
Обуна шудан
Дар рӯзҳои ҷашнии наврӯзӣ ба унвони Президенти Тоҷикистон аз номи кишвардори Туркия ба муносибати ҷашни Наврӯз барқияи табрикӣ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Раҳбари Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Дар барқияи табрикотии худ Реҷеп Тайип Эрдоган ба ҳамчун бародари азиз муроҷиат карда навиштааст, ки муждаи баҳор — иди Наврӯз анъанаю бойигарии муштараки ҷуғрофияи васеъ, аз Осиёи Марказӣ то Балканҳо мебошад.
“Бо мақсади нигохдорӣ ва ба наслҳои оянда расонидани ин урфу одати муштаракамон, ҳамасола дар чор гӯшаи ҷаҳон ҷашн гирифта шудани Наврӯз инъикосгари муҳими дӯстиву бародариамон гардидааст”, - таъкид кардааст Эрдуғон.
Ҳамчунин раҳбари Туркия қайд кардааст, ки Наврӯз, ки ифодаи бедоршавию зиндашавӣ табиат мебошад, натанҳо достони омадани баҳор, балки ҳамчунин эҳёву иқдомоти навин аст.
Турецкий и таджикский флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2023
Баррасии таъсиси Фонди сармоягузории Тоҷикистону Туркия дар Душанбе
Эрдуғон дар барқияи худ бори дигар аз кумаки Тоҷикистон ба Туркия барои рафъи оқибати заминларза изҳори ёдовар шуд.
“Ҳамдилию ҳамрайъии Шумо бо Туркия, ки дар робита бо заминларзаи 6 феврали 2023 зоҳир намудед, дар баробари боз ҳам наздиктар гардонидани кишварҳои мо, ҳамзамон як имкони дигареро барои мушоҳидаи ҳамеша зинда будани руҳияи Наврӯзро дар байни мардумонамон фароҳам овард”,- зикр кардааст раисҷумҳури Туркия.
Вай афзуд, ки иди Наврӯз, яке аз зеботарин нишонаҳои вахдату ҳамбастагии тамаддунҳои чанд ҳазорсолаи мост.
“Ба Шумо ва ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон тансиҳатӣ, хушрӯзӣ ва саодатмандиро таманно менамоям”, - навиштааст кишвардори Туркия.
Лентаи хабарҳо
0