https://sputnik.tj/20230323/oghilkhona-rekht-chorvo-kharobaho-payomadi-zaminjubi-1055704850.html
Оғилҳо фурӯ рехту чорво зераш монд: паёмади заминҷунбӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - акс
Оғилҳо фурӯ рехту чорво зераш монд: паёмади заминҷунбӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - акс
Sputnik Тоҷикистон
Заминларзами ахир бо шиддати 6,5 дараҷа дар Тоҷикистон рух дод, ки марказаш ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд, дар пай харобиҳо доштааст
2023-03-23T10:50+0500
2023-03-23T10:50+0500
2023-03-23T16:36+0500
дар тоҷикистон
заминларза
хисорот
кҳф
акс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/17/1055705006_0:301:781:740_1920x0_80_0_0_18576a8ede96e2a8e935f80cf3657a5c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Бар асари заминларзаи шаби гузашта даҳҳо оғилхона дар деҳоти Кӯҳистони Мастчоҳ фуру рафта ба чорвои сокинон осеб расидааст. Чанд хонаи истиқмоатӣ ҳам кафидаастДар ин бора манобеъ аз КҲФ вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд. Бино ба гуфти манбаъ аз шиддати заминҷунбии шабона асосан иморату иншооти сокинони деҳаҳои Пакшиф, Палдорак, Роғ ва Деҳманораи ноҳияи мазкур хароб шудаанд.“Аз ҳисоби фурӯравии боми оғилхонаҳо чорвои сокинон талаф ёфтаанд. Чанд хонаи истиқоматӣ ҳам аз шиддати заминларза кафидаанд, хушбахтона ба худи сокинон осеб нарасидааст” - гуфт мақомдори КҲФ.Дар ҳамин ҳол баъзе аз сокинони ноҳияи Кӯҳистиони Мастчоҳ гуфтанд, ки аз дар пайи заминларза дар қисмати офтобрӯяи ин ноҳия аз ҷумла дар деҳаҳои Ярм, Худгифи эшон, лағжиши кӯҳпораҳо ба амал омада ва роҳҳоро бастааст. Аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳоло як гурӯҳи кории махсус ташкил шуда ва ба маҳалли ҳодиса сафарбар шудаанд. “Ин гурӯҳ паёмади заминҷунбиро ҳисоб намуда, оид ба он санад тартиб медиҳанд”, – гуфт, манбаъ. Маврид ба зикр аст, ки шаби 22 ба 23 март, тақрибан соати 01:07 дақиқа заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод. Давоми ду рӯзи охир ин дуввумин заминларзаи шадид бо дараҷаи беш аз 7 балла гуфта мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/17/1055705006_0:228:781:813_1920x0_80_0_0_e57396119fdd2dd94fd301ea1c11d08c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оғилхонаҳо рехт чорво паёмади заминҷӯбӣ мастчоҳ акс
оғилхонаҳо рехт чорво паёмади заминҷӯбӣ мастчоҳ акс
Оғилҳо фурӯ рехту чорво зераш монд: паёмади заминҷунбӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - акс
10:50 23.03.2023 (Навсозишуда: 16:36 23.03.2023) Эксклюзив
Заминларзами ахир бо шиддати 6,5 дараҷа дар Тоҷикистон рух дод, ки марказаш ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд, дар пай харобиҳо доштааст
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Бар асари заминларзаи шаби гузашта даҳҳо оғилхона дар деҳоти Кӯҳистони Мастчоҳ фуру рафта ба чорвои сокинон осеб расидааст. Чанд хонаи истиқмоатӣ ҳам кафидааст
Дар ин бора манобеъ аз КҲФ вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба гуфти манбаъ аз шиддати заминҷунбии шабона асосан иморату иншооти сокинони деҳаҳои Пакшиф, Палдорак, Роғ ва Деҳманораи ноҳияи мазкур хароб шудаанд.
“Аз ҳисоби фурӯравии боми оғилхонаҳо чорвои сокинон талаф ёфтаанд. Чанд хонаи истиқоматӣ ҳам аз шиддати заминларза кафидаанд, хушбахтона ба худи сокинон осеб нарасидааст” - гуфт мақомдори КҲФ.
Дар ҳамин ҳол баъзе аз сокинони ноҳияи Кӯҳистиони Мастчоҳ гуфтанд, ки аз дар пайи заминларза дар қисмати офтобрӯяи ин ноҳия аз ҷумла дар деҳаҳои Ярм, Худгифи эшон, лағжиши кӯҳпораҳо ба амал омада ва роҳҳоро бастааст.
Аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳоло як гурӯҳи кории махсус ташкил шуда ва ба маҳалли ҳодиса сафарбар шудаанд.
“Ин гурӯҳ паёмади заминҷунбиро ҳисоб намуда, оид ба он санад тартиб медиҳанд”, – гуфт, манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки шаби 22 ба 23 март, тақрибан соати 01:07 дақиқа заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод.
Давоми ду рӯзи охир ин дуввумин заминларзаи шадид бо дараҷаи беш аз 7 балла гуфта мешавад.