Мунтахаби Тоҷикистон дар "Ҷоми асосгузорони самбо" дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкКубок мира по самбо в Москве
Кубок мира по самбо в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2023
Обуна шудан
Мусобиқаҳо оид ба самбои размӣ ва варзишӣ байни мардону занон баргузор мешавад, ки то кунун барои ширкат дар он 15 кишвар ширкати худро тасдиқ кардаанд
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Намояндагони 15 дастаи мунтахаби кишвар дар ёдбуди асосгузорони самбо, ки моҳи март дар Маскав баргузор мешавад, ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи умумироссиягии самбо (VFS) хабар додааст.
Мусобиқа, ки дар он дастаи Тоҷикистон низ баромад мекунад, рӯзҳои 25-26 март баргузор мешавад.
Дар самбои варзишӣ мардону занон дар 14 вазн (7 мардон ва 7 занон), дар самбои размӣ мардон дар 7 зина барои медалҳо мубориза мебаранд.
"Иштирок дар гиромидошти асосгузорони самбо дар Маскавро дастаҳои 15 кишвари ҷаҳон тасдиқ карданд. Дар маҷмӯъ, дар ин мусобиқа ҳудуди 250 варзишгар ширкат хоҳанд кард", - гуфт ФУС.
Ба ин мусобиқа варзишкорон аз дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон, Беларус, Туркманистон, Узбекистон, Арманистон, Чин, Марокаш, Қазоқистон, Молдова, Сербия, Никарагуа ва Булғористон низ меоянд.
На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2023
Расул Боқиев ифтитоҳи бахши Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар Русияро дастгирӣ кард
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) моҳи марти соли 2022 ба русҳо ва белорусҳо иҷоза дод, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо мақоми бетараф ширкат кунанд, ҳарчанд Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои роҳ надодан ба варзишгарони ин кишварҳо тавсия дода буд.
Лентаи хабарҳо
0