Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Кушта шудани наздик ба 400 сарбози украинӣ дар як рӯз дар се самти ҷабҳа

© Sputnik / Alexey Maishev / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий артиллерийского расчета РСЗО "Ураган" вооруженных сил РФ работает по позициям ВСУ в южном секторе СВО
Военнослужащий артиллерийского расчета РСЗО Ураган вооруженных сил РФ работает по позициям ВСУ в южном секторе СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2023
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки танҳо дар ҷабҳаи Донетск дар як шабонарӯз беш аз 250 сарбози украинӣ кушта шудааст
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Вазорати дифои Русия эълон кард, ки низомиёни рус дар самти Донетск зимни амалиёти вижаи низомӣ дар қаламрави Украина беш аз 250 сарбози украиниро нобуд карданд.
"Дар самти Донетск дар натиҷаи амалиётҳои низомӣ нерӯҳои Русия беш аз 250 сарбози украинӣ, шаш танк, панҷ мошини зиреҳпӯш, ҳафт мошин ва як тӯпи Д-20-ро нобуд карданд", - гуфта мешавад дар гузориши ахири вазорати дифои Русия.
Гуфта мешавад, дар наздикии шаҳраки Ласточкино анбори лавозимоти ҷангии гурӯҳи савораи артиши Украина нобуд карда шуд.
Послание президента РФ Владимира Путина Федеральному собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2023
Амалиёти вижа, Ғарб, Донбасс, иқтисод ва пешрафт: Нуқоти муҳими паёми Путин ба парлумон
Ҳамчунин ин манбаъ хабар дод, ки нерӯҳои Русия дар самти Купянск дар як рӯз то 70 низомии украинӣ ва панҷ техника, аз ҷумла як тӯпи амрикоии M777-ро нобуд карданд.
"70 низомии украинӣ, як мошини ҷангии пиёда, ду мошини боркаш, мошини ҷангии “Град” ва инчунин тӯпи сохти Амрико М777, ки аз ҷониби ИМА сохта шудааст, нобуд карда шуд", - гуфт вазорати дифоъ.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи "Марказ"-и нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар самти Краснолиманск дар як шабонарӯз беш аз 80 низомии украинӣ ва 6 техникаро нобуд карданд.
Ба иттилои вазорати дифои Русия, дар самти Краснолиманск зарбаҳои ҳавоӣ ва артиш ва амалиётҳои фаъоли воҳидҳои гурӯҳи "Марказ" нисбати нерӯҳо ва техникаи душман дар минтақаи Червоная Диброваи Ҷумҳурии мардумии Луганск инчунин Ямполовка ва Терн дар ҶМД анҷом доданд.
Дар ин самт дар як шабонарӯз беш аз 80 низомии украинӣ, ду мошини зиреҳпӯш, се мошини боркаш ва як тӯпи Д-30 нобуд карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0