Созмони “НУР” барои кӯдакони маъюб дар Маскав ҷашни наврӯзӣ баргузор кард - видео

Обуна шудан
Дар созмони ҷамъиятии "НУР" барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ҷашни наврӯзӣ баргузор гардид
Кӯдакон барномаи рангини идона тайёр карданд: шеърҳо, табрикот ва албатта рақсҳои помирӣ. Ҷашн бе бозиҳои анъанавӣ нагузашт дар онҳо ҳатто волидон низ ширкат доштанд.
Ҳар як кӯдак бо диплом ва шириниҳо қадрдонӣ шуд.
Хабарнигори Sputnik Таджикистан ҳамаи ин зебоиро барои шумо сабт кард.
Созмони “Нур” - гӯшаи ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар Маскав
Созмони “Нур” на танҳо ба кумаки муҳоҷирон машғул аст, балки корҳои ташкилӣ низ мегузаронад, ки муҳоҷиронро водор мекунанд аз хастагиҳои муҳоҷират фориғ шаванд. Масалан, ҷамъият иду ҷашнвораҳоро таҷлил мекунанд, консертҳо ва дигар барномаҳои фароғатӣ бо иштироки муҳоҷирон баргузор мекунад.
Бо баргузории чунин барномаҳо ҷамъияти “Нур” на танҳо хастагии муҳоҷиронро аз ғарибӣ берун мекунад, балки фарҳангу маданияти миллати тоҷикро низ ба мардуми рус нишон медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0