https://sputnik.tj/20230322/shirkat-rus-shahrvandon-tojikiston-dast-poy-suni-roygon-nasb-1055686071.html
Ширкати русӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дасту пойҳои сунъиро ройгон насб мекунад
Ширкати русӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дасту пойҳои сунъиро ройгон насб мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаи мазкур бо иштироки фаъолонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад 22.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-22T13:49+0500
2023-03-22T13:49+0500
2023-03-22T14:11+0500
дар русия
дар тоҷикистон
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055675916_0:0:3453:1943_1920x0_80_0_0_0455e3cb5633240b4975f9307e636dc1.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Таҳиягари русии "Моторика" қасд дорад барои маъюбони ниёзманди Тоҷикистон 50 адад протез насб кунад.Гап сари намунаҳои тяга ва бионикӣ меравад. Ёддошти дахлдор дар конфронси 9-уми ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон бо иштироки нахуствазирони ҳарду кишвар Михаил Мишустин ва Қоҳир Расулзода ба имзо расид.Ҳоло дар ҷумҳурӣ камаш 400 кас ба чунин протез эҳтиёҷ дорад.Моҳи апрел дар базаи корхонаи протезию ортопедии шаҳри Душанбе аввалин "дастҳои механикӣ" насб карда мешавад. Ба гуфтаи истеҳсолкунанда, симулятори VR, тадқиқоти инвазивӣ ва платформаи омӯзиши онлайн барои барқарорсозии корбарон истифода мешавад. Қобили зикр аст, ки ширкати Motorika аз соли 2016 барои 1500 нафар аз 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла корбарон аз Русия, ИДМ, Фаронса, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Малайзия ва Кореяи Ҷанубӣ беш аз 5000 адад протез истеҳсол кардааст.
https://sputnik.tj/20230303/rusiya-tojikiston-mariziho-siroyat-muboriza-1055298922.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055675916_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d03d82a59b672d029c279aedf48f93ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, дар тоҷикистон, тандурустӣ
дар русия, дар тоҷикистон, тандурустӣ
Ширкати русӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дасту пойҳои сунъиро ройгон насб мекунад
13:49 22.03.2023 (Навсозишуда: 14:11 22.03.2023) Лоиҳаи мазкур бо иштироки фаъолонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Таҳиягари русии "Моторика" қасд дорад барои маъюбони ниёзманди Тоҷикистон 50 адад протез насб кунад.
Гап сари намунаҳои тяга ва бионикӣ меравад. Ёддошти дахлдор дар конфронси 9-уми ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон бо иштироки нахуствазирони ҳарду кишвар Михаил Мишустин ва Қоҳир Расулзода ба имзо расид.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ камаш 400 кас ба чунин протез эҳтиёҷ дорад.
Моҳи апрел дар базаи корхонаи протезию ортопедии шаҳри Душанбе аввалин "дастҳои механикӣ" насб карда мешавад.
Ба гуфтаи истеҳсолкунанда, симулятори VR, тадқиқоти инвазивӣ ва платформаи омӯзиши онлайн барои барқарорсозии корбарон истифода мешавад.
Қобили зикр аст, ки ширкати Motorika аз соли 2016 барои 1500 нафар аз 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла корбарон аз Русия, ИДМ, Фаронса, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Малайзия ва Кореяи Ҷанубӣ беш аз 5000 адад протез истеҳсол кардааст.