https://sputnik.tj/20230322/payom-karzay-tolibho-tahsil-dukhtaron-zanon-afghon-1055688683.html
Паёми Карзай: Толибҳо ҳаққи таҳсил ва кори духтарону занони афғонро таъмин кунанд
Паёми Карзай: Толибҳо ҳаққи таҳсил ва кори духтарону занони афғонро таъмин кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури пешини Афғонистон дар паёми наврӯзии худ аз ҳукумати толибҳо хост дарҳои мадорис ва донишгоҳҳоро ба рӯи духтарон боз намояд
2023-03-22T16:30+0500
2023-03-22T16:30+0500
2023-03-22T16:30+0500
афғонистон
таҳсил
духтарон
занон
осиёи марказӣ
ҳамид карзай
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/73/1028777361_0:29:3104:1775_1920x0_80_0_0_bd9b57623601e93063d760dd0f2f4e10.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар паёми наврӯзиаш бори дигар аз толибҳо хост ҳаққи занону духтаронро барои кору таҳсил таъмин намояд.Оқои Карзай дар паёми табрикиаш ба муносибати иди Саиди Наврӯз изҳори умедворӣ кард, ки ҳукумати Афғонистон бо тавваҷуҳ ба аҳамияти бунёдӣ омӯзиш дар рифоҳ, тараққӣ ва худбасандагии кишвар, дарҳои мадорис ва донишгоҳҳоро ба рӯй духтарон боз кунад.Вай ҳамчунин таъмини ҳақи корро барои занони афғон хостор шуд.Раисҷумҳурии асбақи Афғонистон бо таъкид бар лузуми оғоз ҳар чоҳ сареътар гуфтугӯҳои миллӣ изҳор кард: гуфтугӯии миллӣ дар тақвият ҳарчӣ бештари иттифоқи миллӣ ва таъмини сулҳи пойдор дар Афғонистон, асаргузор аст.Ёдоварӣ мекунем, ки Амрико дар як муомилаи пинҳонӣ ва бо ҳамкории фиристодаи вижааш барои Афғонистон, ин кишварро дубора ба гурӯҳи толибҳо бо ҷангафзорҳои ба арзиш беш аз ҳафт миллиард доллар таҳвили ин гурӯҳ тундрав намуд.Аз рӯзи омадани толибҳо ба сари қудрат дар Афғонистон то токунун беш аз панҷ миллион нафар ин кишварро тарк намуда ва иқтисоди ин кишвари фурӯпошидааст.Беш аз навад дарсади мардуми ин кишвар дар зери хати фақр зиндагӣ мекунанд ва бонувон аз омӯзишу кор маҳрум шудаанд.
https://sputnik.tj/20230322/khf-payomad-zaminjunb-shadid-afghoniston-tojikiston-1055682958.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/73/1028777361_209:0:2940:2048_1920x0_80_0_0_dfc4d7b724a3efe4fa0d665b447e025e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибҳо, карзай, таҳсил, духтарон, занон, ҳукумат, мадорис
афғонистон, толибҳо, карзай, таҳсил, духтарон, занон, ҳукумат, мадорис
Паёми Карзай: Толибҳо ҳаққи таҳсил ва кори духтарону занони афғонро таъмин кунанд
Раисҷумҳури пешини Афғонистон дар паёми наврӯзии худ аз ҳукумати толибҳо хост дарҳои мадорис ва донишгоҳҳоро ба рӯи духтарон боз намояд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар паёми наврӯзиаш бори дигар аз толибҳо хост ҳаққи занону духтаронро барои кору таҳсил таъмин намояд.
Оқои Карзай дар паёми табрикиаш ба муносибати иди Саиди Наврӯз изҳори умедворӣ кард, ки ҳукумати Афғонистон бо тавваҷуҳ ба аҳамияти бунёдӣ омӯзиш дар рифоҳ, тараққӣ ва худбасандагии кишвар, дарҳои мадорис ва донишгоҳҳоро ба рӯй духтарон боз кунад.
Вай ҳамчунин таъмини ҳақи корро барои занони афғон хостор шуд.
Раисҷумҳурии асбақи Афғонистон бо таъкид бар лузуми оғоз ҳар чоҳ сареътар гуфтугӯҳои миллӣ изҳор кард: гуфтугӯии миллӣ дар тақвият ҳарчӣ бештари иттифоқи миллӣ ва таъмини сулҳи пойдор дар Афғонистон, асаргузор аст.
Ёдоварӣ мекунем, ки Амрико дар як муомилаи пинҳонӣ ва бо ҳамкории фиристодаи вижааш барои Афғонистон, ин кишварро дубора ба гурӯҳи толибҳо бо ҷангафзорҳои ба арзиш беш аз ҳафт миллиард доллар таҳвили ин гурӯҳ тундрав намуд.
Аз рӯзи омадани толибҳо ба сари қудрат дар Афғонистон то токунун беш аз панҷ миллион нафар ин кишварро тарк намуда ва иқтисоди ин кишвари фурӯпошидааст.
Беш аз навад дарсади мардуми ин кишвар дар зери хати фақр зиндагӣ мекунанд ва бонувон аз омӯзишу кор маҳрум шудаанд.