https://sputnik.tj/20230321/utair-ba-samarqand-parvozhoi-nav-oghoz-mekunad-1055668617.html
Utair ба Самарқанд парвозҳои нав оғоз мекунад
Utair ба Самарқанд парвозҳои нав оғоз мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия басомади парвозҳоро афзоиш дода, ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Самарқанд парвозҳои нав мекушояд 21.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-21T17:13+0500
2023-03-21T17:13+0500
2023-03-21T17:13+0500
нақлиёт
дар русия
"ютэйр"
парвоз
самарқанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044960690_0:294:3119:2048_1920x0_80_0_0_3e5eec5b82762cfd69fa79eae8b74efb.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Русия Utair дар бораи ҷорӣ кардани парвозҳои нав ба Ӯзбекистон хабар дод.Ҳамин тариқ, ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро дар масири Санкт-Петербург - Самарқанд оғоз мекунад. Аввалин парвоз рӯзи 31 март сурат хоҳад гирифт.Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои ҷумъа сурат мегиранд. Парвоз аз Петербург соати 11:05 дақиқа ва баргашт соати 19:10 ба вақти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Чиптаҳо аллакай ба фурӯш гузошта шудаанд. Арзиш аз 9,7 ҳазор рубл оғоз меёбад.Ширкати ҳавопаймоии Русия ба Тоҷикистон низ парвозҳо анҷом медиҳад. Ҳавопаймоҳо аз шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Маскав, Сургут, Нижневартовск, Краснодар, Тюмен, Уфа, Санкт-Петербург ба Душанбе ва Хуҷанд парвоз мекунанд.Utair як ширкати ҳавопаймоии Русия аст, ки дар якҷоягӣ бо филиалҳои сершумори худ яке аз бузургтарин холдингҳои авиатсионии кишварро ташкил медиҳад. Ин ширкат ба анҷом додани парвозҳои мусофирбарӣ ва боркаш дар Русия ва хориҷи кишвар, инчунин нигоҳдории ҳавопаймоҳо ва омӯзиши кадрҳо машғул аст.
https://sputnik.tj/20230318/s7-parvoz-novosibirsk-bokhtar-1055611014.html
самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044960690_319:0:3050:2048_1920x0_80_0_0_26295856ff5c6ba2463335184bc27590.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақлиёт, дар русия, "ютэйр", парвоз, самарқанд
нақлиёт, дар русия, "ютэйр", парвоз, самарқанд
Utair ба Самарқанд парвозҳои нав оғоз мекунад
Яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия басомади парвозҳоро афзоиш дода, ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Самарқанд парвозҳои нав мекушояд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Русия Utair дар бораи ҷорӣ кардани парвозҳои нав ба Ӯзбекистон хабар дод.
Ҳамин тариқ, ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро дар масири Санкт-Петербург - Самарқанд оғоз мекунад.
Аввалин парвоз рӯзи 31 март сурат хоҳад гирифт.
Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои ҷумъа сурат мегиранд. Парвоз аз Петербург соати 11:05 дақиқа ва баргашт соати 19:10 ба вақти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Чиптаҳо аллакай ба фурӯш гузошта шудаанд. Арзиш аз 9,7 ҳазор рубл оғоз меёбад.
Ширкати ҳавопаймоии Русия ба Тоҷикистон низ парвозҳо анҷом медиҳад. Ҳавопаймоҳо аз шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Маскав, Сургут, Нижневартовск, Краснодар, Тюмен, Уфа, Санкт-Петербург ба Душанбе ва Хуҷанд парвоз мекунанд.
Utair як ширкати ҳавопаймоии Русия аст, ки дар якҷоягӣ бо филиалҳои сершумори худ яке аз бузургтарин холдингҳои авиатсионии кишварро ташкил медиҳад. Ин ширкат ба анҷом додани парвозҳои мусофирбарӣ ва боркаш дар Русия ва хориҷи кишвар, инчунин нигоҳдории ҳавопаймоҳо ва омӯзиши кадрҳо машғул аст.