Русия интиқоли чӯб ба Тоҷикистонро афзоиш додааст

© Sputnik / Василий Мельниченко / Гузариш ба медиабонкПиломатериалы на деревообрабатывающем предприятии
Пиломатериалы на деревообрабатывающем предприятии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Обуна шудан
Шӯъбаи баҳисобгирии ҷангали Рослесхоз дар бораи ҳаҷми фурӯши чӯби хориҷии Русия дар ду моҳи аввали соли 2023 гузориш дод
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Русия содироти чӯби бурида ба Тоҷикистонро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти Рослесинфторг.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ду моҳи аввали соли 2023 интиқоли чӯби Русия ба Тоҷикистон 1,4 баробар афзуда, ба 67 ҳазор метри мукааб расидааст.
Қаблан Николай Журавлев, муовини раиси Шӯрои Федератсия мизони рекордии муомилоти мол миёни Русия ва Тоҷикистонро рад накард. Ба эътиқоди ӯ, дар 2 соли оянда гардиши молии кишварҳо метавонад беш аз 2 баробар афзоиш ёбад.
Заместитель председателя Совета Федерации РФ Николай Журавлев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2023
Сенатор Журавлев: Додугирифти Русия ва Тоҷикистон метавонад ду баробар афзоиш ёбад
Ҳамин тариқ, ба гуфтаи Журавлев, Маскав ба содироти молҳои саноатӣ ва таҷҳизот манфиатдор аст.
"Мо ба таъмин намудани дастгоҳҳои худ, маҳсулоти комплекси сӯзишворию энергетикӣ хеле манфиатдорем", - гуфт ӯ.
Зимнан, Душанбе низ маҳсулоти кишоварзиро ба бозори Русия пеш мебарад.
Лентаи хабарҳо
0