https://sputnik.tj/20230321/rusiya-afzoish-deportshudaho-1055669440.html
Теъдоди муҳоҷирони депортшуда аз Русия афзудааст
Теъдоди муҳоҷирони депортшуда аз Русия афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия шумораи нақзи қонунҳои муҳоҷират ба таври назаррас афзоиш ёфтааст: кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар будубоши ғайриқонунии хориҷиёнро сабт кардаанд
2023-03-21T18:21+0500
2023-03-21T18:21+0500
2023-03-21T18:21+0500
муҳоҷират
русия
вазорати корҳои дохила
депорт
муҳоҷир
ғайриқонунӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1a/1050262234_0:148:2818:1733_1920x0_80_0_0_8155703efc09011d7692f3f8684b214c.jpg
ДУШАНБЕ, 21 март — Sputnik. Теъдоди хориҷие, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, дар соли гузашта беш аз 2,5 баробар афзоиш ёфтааст. Чунин маълумотро вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев зимни суханронии худ дар ҷаласаи васеъи солонаи коллегияи ин идора пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи ӯ, кормандони вазорат дар бахши манзил ва ҷойҳои фаъолияти кории муҳоҷирон, сохтмонҳо, савдо ва хидматрасонӣ ҳудуди 300 ҳазор санҷиш гузаронидаанд. Колоколтсев қайд кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ назорати риояи қонунҳои муҳоҷиратро идома дода, ба коҳиши теъдоди хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ дар Русия буду бош доранд, мусоидат мекунад. Вай тавзеҳ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ 17% ҳодисаҳои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва 11% қайди қалбакии шаҳрвандон сабт шудааст. Қобили зикр аст, ки теъдоди нақзи қонуни муҳоҷират нисбат ба соли 2021 қариб 50% афзоиш ёфтааст. Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират дар вилояти Тула пешсаф шудСоли гузашта 106 ҷинояти ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 214,8 ҳазор қонуншиканӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 - 47,1% зиёд мебошад. Вуруди беш аз 48 000 шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар манъ шуда, беш аз 33 000 қарори ихроҷи маъмурӣ қабул шудааст.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1a/1050262234_157:0:2662:1879_1920x0_80_0_0_d155948de1911e342f488006b14f9e48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, нақзи қонун
русия, муҳоҷират, нақзи қонун
Теъдоди муҳоҷирони депортшуда аз Русия афзудааст
Дар Русия шумораи нақзи қонунҳои муҳоҷират ба таври назаррас афзоиш ёфтааст: кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар будубоши ғайриқонунии хориҷиёнро сабт кардаанд
ДУШАНБЕ, 21 март — Sputnik. Теъдоди хориҷие, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, дар соли гузашта беш аз 2,5 баробар афзоиш ёфтааст.
Чунин маълумотро вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев зимни суханронии худ дар ҷаласаи васеъи солонаи коллегияи ин идора пешниҳод кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, кормандони вазорат дар бахши манзил ва ҷойҳои фаъолияти кории муҳоҷирон, сохтмонҳо, савдо ва хидматрасонӣ ҳудуди 300 ҳазор санҷиш гузаронидаанд.
"Натиҷаи санҷиши ҳамаҷониба беш аз 2,5 баробар афзудани шумораи шахсоне буд, ки аз ҳудуди Русия ихроҷ ва депорт карда шудаанд", - гуфт ӯ.
Колоколтсев қайд кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ назорати риояи қонунҳои муҳоҷиратро идома дода, ба коҳиши теъдоди хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ дар Русия буду бош доранд, мусоидат мекунад.
Вай тавзеҳ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ 17% ҳодисаҳои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва 11% қайди қалбакии шаҳрвандон сабт шудааст.
Қобили зикр аст, ки теъдоди нақзи қонуни муҳоҷират нисбат ба соли 2021 қариб 50% афзоиш ёфтааст.
Соли гузашта 106 ҷинояти ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 214,8 ҳазор қонуншиканӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 - 47,1% зиёд мебошад.
Вуруди беш аз 48 000 шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар манъ шуда, беш аз 33 000 қарори ихроҷи маъмурӣ қабул шудааст.