Наврӯзи ғайриоддӣ: дар Қазоқистон пулис бо кашонидани чархбол рекорд гузошт - видео

© Polisia.kzКазахстанский полицейский установил рекорд по буксировке боевого вертолета
Казахстанский полицейский установил рекорд по буксировке боевого вертолета  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Обуна шудан
Ин чаҳорумин рекорди расмии афсари пулис аст. Қаблан ӯ ду тепловозро ба масофаи 10 метр, як ҳавопаймои 42 - тоннагии Airbus ва 10 боркашро ба ҳаракат даровард
ДУШАНБЕ, 21 март — Sputnik. Дар арафаи ҷашни Наврӯз, корманди Раёсати тафтишоти ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ Бауирҷон Камолиев дар пойгоҳи ҳавоии пойтахт чархболи ҷангии МИ-17-ро 15 метр кашонда, рекорд гузошт.
Пулис гуфт, ки дар арафаи рекорди наваш се моҳ тамрин кардааст ва дар ҷараёни тамрин на ҳамеша чархболро кашола карда метавонист, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон бо такя ба Polisia.kz.
"То охирин лаҳза намедонистам: Мекашам, намекашам. Ягон итминони комил набуд. Асрори махсус надорам. Фақат ба шарофати Худованди Мутаол ва омӯзиш чунин муваффақиятро ба даст овардаам", — гуфт Бауирҷон Камолиев.
Рекордсменро вазири корҳои дохилии Қазоқистон Марат Аҳмадҷонов ва вазири дифоъ Руслан Жаксиликов табрик намуданд. Ба ӯ инчунин аз номи Китоби рекордҳои Қазоқистон шаҳодатномаи махсус дода шудааст.
"Имрӯз мо расман шоҳиди сабти рекорди Қазоқистон шудем. Варзишгарони кишвари мо рекордҳои беназир нишон медиҳанд ва Китоби рекордҳои Қазоқистон ягона ниҳодест, ки рекордҳои ҳама гуна навъҳо, дастовардҳои қобилиятҳои инсониро ба қайд мегирад", - гуфт намояндаи расмии ин ширкат Қуандик Худобергенов.
Лентаи хабарҳо
0