https://sputnik.tj/20230321/eron-omodagii-khudro-baroi-ehyoi-ravobit-bo-kishvarhoi-arabi-elon-kard-1055656361.html
Эрон омодагии худро барои эҳёи равобит бо кишварҳои арабӣ эълон кард
Эрон омодагии худро барои эҳёи равобит бо кишварҳои арабӣ эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири иқтисод ва молияи Эрон омодагии ин кишваррро барои аз сар гирифтани равобит бо кишварҳои арабӣ эълон кард 21.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-21T11:53+0500
2023-03-21T11:53+0500
2023-03-21T11:53+0500
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055653639_0:176:3001:1864_1920x0_80_0_0_7c01a4759e474def41890dae434d910a.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Эрон омода аст равобити иқтисодӣ бо тамоми кишварҳои арабии минтақаи Ховари Миёнаро пас аз тавофуқ дар бораи барқарории равобити дипломатӣ бо Арабистони Саудӣ барқарор кунадДар ин бора вазири иқтисод ва молияи Эрон Эҳсон Хандузӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории "РИА Новости" зикр кард."Ҳукумати мо бар асоси сиёсати ҳамсоягӣ омода аст, ки равобити иқтисодиро бо тамоми кишварҳои минтақа (Шарқи Наздик - идора.) барқарор кунад ва таҳкими равобити неки ҳамсоягӣ бо онҳоро омили таҳкими худи минтақа медонад. Кишварҳои ба монанди Арабистони Саудӣ имкони ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Эронро пайдо хоҳад кард," - гуфт Хандузӣ.Теҳрон ва Риёз рӯзи 10 март бо миёнҷигарии Пекин тавофуқнома дар бораи азсаргирии равобити дипломатиро имзо карданд ва қарор аст дар давоми ду моҳ сафоратхонаҳо боз кунанд. Баёнияи муштарак пас аз музокироти чандрӯзаи раиси Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва ҳамтои саудии ӯ дар Пекин ба имзо расид. Гуфта мешавад, ки вазирони хориҷаи ду кишвар қасд доранд, барои баррасии иҷрои ин тавофуқ мулоқот кунанд.Муносибатҳои дипломатӣ миёни Теҳрон ва Риёз дар соли 2016 пас аз ҳамла ба намояндагиҳои дипломатии Арабистони Саудӣ дар Эрон аз сӯи эътирозгарон алайҳи эъдоми диншиноси маъруфи шиъа Нимра ан-Нимра аз сӯи ин кишвар қатъ шуд, аммо дар моҳҳои ахир ду ҷониб хостори рафъи ихтилофот шуданд.
https://sputnik.tj/20230314/himoyat-tojikiston-tavofuq-eron-arabistoni-saudi-1055486467.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055653639_140:0:2859:2039_1920x0_80_0_0_7ab9b4e6726d84981cf6f03da92c0058.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон
Эрон омодагии худро барои эҳёи равобит бо кишварҳои арабӣ эълон кард
Вазири иқтисод ва молияи Эрон омодагии ин кишваррро барои аз сар гирифтани равобит бо кишварҳои арабӣ эълон кард
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Эрон омода аст равобити иқтисодӣ бо тамоми кишварҳои арабии минтақаи Ховари Миёнаро пас аз тавофуқ дар бораи барқарории равобити дипломатӣ бо Арабистони Саудӣ барқарор кунад
Дар ин бора вазири иқтисод ва молияи Эрон Эҳсон Хандузӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории "РИА Новости" зикр кард.
"Ҳукумати мо бар асоси сиёсати ҳамсоягӣ омода аст, ки равобити иқтисодиро бо тамоми кишварҳои минтақа (Шарқи Наздик - идора.) барқарор кунад ва таҳкими равобити неки ҳамсоягӣ бо онҳоро омили таҳкими худи минтақа медонад. Кишварҳои ба монанди Арабистони Саудӣ имкони ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Эронро пайдо хоҳад кард," - гуфт Хандузӣ.
Теҳрон ва Риёз рӯзи 10 март бо миёнҷигарии Пекин тавофуқнома дар бораи азсаргирии равобити дипломатиро имзо карданд ва қарор аст дар давоми ду моҳ сафоратхонаҳо боз кунанд.
Баёнияи муштарак пас аз музокироти чандрӯзаи раиси Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва ҳамтои саудии ӯ дар Пекин ба имзо расид.
Гуфта мешавад, ки вазирони хориҷаи ду кишвар қасд доранд, барои баррасии иҷрои ин тавофуқ мулоқот кунанд.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Теҳрон ва Риёз дар соли 2016 пас аз ҳамла ба намояндагиҳои дипломатии Арабистони Саудӣ дар Эрон аз сӯи эътирозгарон алайҳи эъдоми диншиноси маъруфи шиъа Нимра ан-Нимра аз сӯи ин кишвар қатъ шуд, аммо дар моҳҳои ахир ду ҷониб хостори рафъи ихтилофот шуданд.