Беш аз ҳазор афғонистонӣ имсол дар ҳаводиси табиӣ ҷон бохтанд

© AFP 2023 / @Alham24992157/ESN/Bakhtar News AgencyПоследствия землетрясения в провинции Пактика в Афганистане
Последствия землетрясения в провинции Пактика в Афганистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Обуна шудан
Ҳукумати толибҳо эълом кардааст, ки дар соли гузашта 1102 нафар аз мардуми Афғонистон бар асари ҳаводиси табиӣ ҷони худро аз даст доданд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Сарпарасти вазорати ҳаводис дар ҳукумат толибон Муҳамади Аббоси Охунд гуфт, ки имсол ҳамчунин 9 ҳазор ва 808 хонаи маскунӣ бар асари ҳаводиси табиӣ чун селу зилзила ба таври комил тахриб шуд.
Ҳамчунин ҳукумати толибҳо хабар додааст, ки беш аз 80 ҳазор мавошӣ ҳам талаф шуданд.
Муҳамади Аббоси Охунд афзуд, ин вазоратхона бо ҳамкории муассисаҳои байналмилалӣ соли равон барои беш аз 700 ҳазор хониводаи афғонистонӣ осебдида аз ҳаводиси табиӣ, кумакҳои нақдӣ, маводи хурокӣ ва ғайри хурокӣ тавзеъ кардааст.
Латиф Пидром - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2023
Изҳороти ҷадиди Латиф Пидром дар бораи роҳбарони Афғонистон ва низоми федералӣ
Афғонистон имсол афзун бар заминларзаи вайронгар дар ҷануби шарқу ҷорӣ шудани селҳои густарда дар бархе аз вилоятҳо, зимистони сахтро пушти сар гузошт.
Ёдовари мекунем, ки соли гузашта дар ин кишвар чанд ҳодисаи табиӣ харобиовар сар зад, ки боиси марги даҳҳо нафар шуд. Аз ҷумла заминларзаву обхезӣ.
Лентаи хабарҳо
0